Озмун дар Суғд: оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтаринро муайян мекунанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПраздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области
Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,​ тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ доир мегардад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии "Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин" доир мегардад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ғолибонро аз 6000  то  3000 сомонӣ мукофотпулӣ интизор аст.

Конституция республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд барандаи озмуни "Донандагони беҳтарини Конститутсия” эълон мешавад
Бино ба иттилои манбаъ, ба ғолибони бахши "Ҷамоати деҳот ва шаҳраки беҳтарин" ба се ҷой аз 6000 то 2000 сомонӣ, "Деҳаи беҳтарин" ба се ҷой аз 4000 сомонӣ то 2000 сомонӣ, "Кӯчаи беҳтарин" ба се ҷой аз ​ 4000 то  2000 сомонӣ, "Маҳаллаи беҳтарин" ба се ҷой 4000 то 2000 сомонӣ ва "Оилаи беҳтарин" ба се ҷой аз  3000 то 1000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд  ба тасвиб расидааст.

Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,​ тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ доир мегардад.

Ғолибони озмун бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Эълони озмуни "Беҳтарин акси Эмомалӣ Раҳмон": ҷоиза аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ - навор

Ёдовар мешавем, ки Озмуни "Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин" дар саросари мамлакат доир гардида беҳтаринҳои он то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ интихоб ва муаррифӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0