Сарпарастон барои сохтмони иншоотҳои варзишӣ беш аз 12 миллион сомонӣ масраф карданд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 58 иншооти варзишии нав ба истифода дода шудааст

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.   Бино бар иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 58 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 13 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 1 миллиону 148 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷавӣ ва 12 миллиону 352 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Ребенок на тренировке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи 21 иншооти варзишӣ дар Суғд

Гуфта шудааст, ки дар вилояти Хатлон 17 иншооти варзишӣ аз ҷумла, 16 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ бо харҷи зиёда 4 миллиону 156 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблаѓҳои ѓайрибуҷавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Ҷайҳун, Н.Хусрав, Восеъ, Дӯстӣ, Ш.Шоҳин, Панҷ, Қубодиён, Вахш ва Данғара сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон дар вилояти Суғд 21 иншооти варзишӣ бо харҷи 4 миллиону 934 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, 878 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷавӣ ва 4 миллиону 56 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон, аз ин 5 толори варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Спитамен, Ҷ.Расулов ва Б.Ғафуров, инчунин 16 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Б.Ғафуров ва Ашт сохта ба истифода дода шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 20 иншооти варзишӣ бо харҷи 4 миллиону 410 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, 270 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷавӣ ва 4 миллиону 140 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон, аз ин 3 толори варзишӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода ва 17 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор ва Рашт сохта ба истифода дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала