Тақдими тӯҳфаҳои молию пулӣ ба ятимони вилояти Хатлон

Президенти Тоҷикистон ба 60 нафар ятими вилояти Хатлон, тӯҳфаҳои молию пулӣ, сару либоси зимистона ва шириниҳо тақдим кард

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб бо ятимон вохӯрӣ намуда, мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.

Ба гузориши манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ятимонро ба ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, онҳоро барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ ва касбу ҳунар ҳидоят намуд.

"Эмомалӣ Раҳмон ба 60 нафар ятим, ки 42 нафари онҳо аз шаҳри Кӯлоб, 6 нафар аз ноҳияи Ховалинг, 6 нафар аз ноҳияи Балҷувон ва 6 нафари дигар аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мебошанд ва бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, тӯҳфаҳои молию пулӣ, сару либоси зимистона ва шириниҳо тақдим кард", - омадааст дар хабарнома.

Президент таъкид дошта, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, кӯдаконро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.

Ученики школы Дангаринского района - Sputnik Тоҷикистон
Бунёди хонаи ятимон аз сӯи Ҳоҷӣ Ҷӯрабек дар шаҳри Турсунзода

Тибқи иттилоъ дар шаҳри Кӯлоб 92 нафар ятими кул ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 43 нафарашон ноболиғ мебошанд.

Зиёда аз 20 миллиард - Раҳмон аз зарари COVID-19 ва хушнудияш аз ваксина гуфт

Манбаъ афхуда, ки Боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон пурра навсозӣ гардида, дар ҳудуди он гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони нодири ороишӣ шинонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала