Баъди равғану шакар: ҷаҳиши нархи орд дар Панҷакент

Қиммати орд, умдатарин маводи ниёзи рӯзғор дар бозорҳои шаҳри Панҷакент ба дунболи нархи шакару равған ҳам боло ҷаст

ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Обид Шарипов, як сокини шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ду рӯз ба ин тараф қимати 50 кило орд дар бозор то ба 250 сомонӣ баланд шудааст.

"То дирӯз як халта орд 225-230 сомонӣ арзиш дошт, вале ҳоло даҳ дарсад боло рафта, қиммати 50 килои он то ба 250 сомонӣ баробар шудааст", - иброз намуд Шарипов.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо ба думболи болоравии нархи орд, ҳоло равған ҳам дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Панҷакент гарон шудааст.

Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод - Sputnik Тоҷикистон
Холод роҳҳои коҳиш додани арзиши орд дар Тоҷикистонро гуфт

Нархи як зарфи равғани 10-литраи истеҳсоли ватанӣ ба 140 сомонӣ баланд шудааст, чизе ки, ду се рӯзи пеш ҳамагӣ 120 сомонӣ фурӯхта мешуд, афзуд Шарипов.

Як сокини дигари шаҳри Панҷакент ҳам ҷаҳиши нархҳо дар бозорро таъйид карда гуфт, ки дар пайи болоравии қимати доллар ба сомонӣ, ҳоло арзиши аксар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ баланд шудааст.

"Барои мисол нархи тухми мурғе, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, аз 0,80 дирам ҳоло ба 1 сомонӣ баробар шуд. Пештар тухм аз кишварҳои хориҷа ворид мешуд ва арзиши он аз 0,70 дирам баланд набуд", - зикр кард, сокини шаҳри Панҷакент.

Орд арзон мешавад?: вазири тоҷик аз афзоиши истеҳсоли орд дар Тоҷикистон таъкид кард

Мақомоти Тоҷикистон аз болоравии сатҳи зиндагии сокинон таъкид меварзанд, аммо сокинони соҳаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, дар шароити гароншавии нархҳо дар бозор, барои харидани маҳсулоти ниёзи аввал, маоши хизматӣ кифоят намекунад.

Як ҳамшираи шафқат дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент иброз дошт, моҳона 500 сомонӣ аз ҳисоби кораш маош мегирад, аммо бо ин миқдор пул ҳайрон аст, ки чӣ гуна барои як моҳ аз бозор харид кунад.

"Агар сару либос харам, барои харидани равғану орд намерасад", - гуфт ҳамшираи шафқат.

Дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи хабари бардурӯғи сабти бемории каронавирус дар кишвар як дафъа қиммати орд аз 180 то ба 270 ва 300 сомонӣ дакка хӯрда буд.

Мешок муки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки навбатии Ӯзбекистон иборат аз орд ва лавозимоти тиббӣ вориди Душанбе шуд

Он замон мардум аз бими ин, ки беморӣ ҳамаҷойро фаро мегирад ба ордхарӣ пардохта буданд. Баъзеҳо бехабар аз он, ки нигоҳдошти орд бо мурури вақт сифати худро гум мекунад, зарар ҳам диданд, вале дар ин миён ордфурӯшон нафъ бардоштанд.

Аммо соҳибназарон мегӯянд, болоравии нархи орд дар шаҳри Панҷакент ҳам кори як гурӯҳи манфиятҷӯёнест, ки аз ҳисоби хабари болоравии қурби доллар мехоҳанд нафъ бардоранд.

Имсол ҳосили гандум дар кишвар аз оғози мавсим то аввали моҳи ноябр, ба 847 ҳазору 417 тон расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин  давраи соли гузашта 30 ҳазор тонна бештар рақам зада мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала