Русия айбдоркуниҳои ИМА - ро дар ҳамлаи киберӣ ба Вазорати молия бепоя хонд

CC BY-SA 2.5 / Asiir / Здание посольства России в Вашингтоне
Здание посольства России в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон
Русия айбдоркуниҳои Иёлоти Муттаҳидаи Аамрикоро дар ҳуҷуми киберӣ ба мақомот аз ҷумла Вазорати молия, бепоя хонд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Сафорати Русия дар ИМА кӯшишҳои расонаҳои Амрикоро дар айбдоркунии Маскав дар ҳуҷуми хакерӣ ба мақомоти давлатӣ, бепоя хонд.

Политолог Андрей Суздальцев - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: дар Иёлоти Муттаҳида ҷанги киберӣ омода мекунад

Пештар Ожонсии Рейтер бо такя ба манбааш хабар дод, ки гурӯҳи хакерҳо, ки аз ҷониби ҳукумати давлати хориҷ дастгирӣ мешаванд, ба низоми Вазорати молияи ИМА ва Идораи миллии коммуникатсия дастрасӣ пайдо кард. 

Миқёси ин воқеа чунон бузург буда, ки ҳатто рӯзи шанбе ба гуфти як манбаъ, ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ИМА баргузор шудааст. Чуноне Washington Post мегӯяд, дар ин кор хакерҳои русиягӣ айбдор карда шуданд, вале дар гузориш ягон далел оварда намешавад.

"Ба кӯшишҳои бепояи расонаҳои Амрико дар айбдоркунии Маскав дар ҳуҷуми хакерӣ ба мақомоти давлатии ин кишвар, таваҷҷуҳ кардем. Бо масъулият эълон мекунем: ҳамлаҳо дар фазои иттилоотӣ ба принсипҳои сиёсати хориҷии кишвари мо, манфиатҳои миллии он ва фаҳмиши ба роҳ мондани муносибатҳои байни давлатҳо зиддият дорад. Русия дар фазои вертуалӣ "ҳуҷум" намекунад", - омадааст дар саҳифаи сафорати Русия дар ИМА дар Facebook.

Илова мешавад, ки Русия созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти амнияти киберӣ рушд медиҳад. 

Шӯрои амнияти Русия: 75% - и ҳамалоти кибериро ИМА анҷом медиҳад

Дар баробари ин сафорат аз ибтикори Владимир Путин дар бораи барномаи ҳамаҷонибаи чораҳо барои барқарор кардани ҳамкориҳои Русияву Амрико дар соҳаи амнияти иттилоотии байналмилалӣ, ёдрас шуд.

"Мо аз Вашингтон посухе дарёфт накардем, чуноне ба дигар пешниҳодҳо ва дар дигар самтҳои мушокирот низ", - омадааст дар шарҳи сафорат.

Маскав на як бору ду бор иттиҳоми Ғарб дар бораи даст доштани ҳакерҳои Русия дар ҳамлаҳои гуногунро беасос хондааст. Ҳамзамон, Русия ба Ғарб пешниҳод кард, ки муколама оид ба амнияти кибериро аз сар гирад, аммо "қатъиян ҷавоби рад" гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала