Ҷавони 27 - сола дар ҳолати мастӣ ҳамсари 33 - солаашро корд зад

CC0 / Pixabay / Бутылка на полу, архивное фото
Бутылка на полу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Сокини Рӯдакӣ дар ҳолати мастӣ бо корд як маротиба ба шиками ҳамсари 33 - солаи худ зарба расондааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Кормандони милитсия ҷавони 27 - соларо боздошт намуданд, ки дар расондани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам дониста мешавад.
Knife - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - навор
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 3 феврал, тахминан соати 21:30 дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари 33 - солаи худ муноқиша намудаст.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи муноқиша ӯ бо корд як маротиба ба шиками занаш зарба расонд, ки дар натиҷа зани 33 - сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт ва бистарии беморхона шуд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Парвандаи Хӯҷа-Командир ба додгоҳ рафт: дар 20 куштор муттаҳам мешавад
Рӯзи гузашта, хабари кштори ду шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷири тоҷик дар сархати расонаҳо пайдо шуд, ки ҳамаро шокӣ кард.
Муҳоҷири тоҷик низ дар ҳолати мастӣ зани ҳомила ва хусури худро ба таври ваҳшиёна бо корд ба қатл расонда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала