Кордро аз бозори Саховат харид: навори бозпурсии донишҷӯе, ки деканро маҷрӯҳ кард - навор

© РВКД ДушанбеДавлятов Айниддин Нуриддинович- студент
Давлятов Айниддин Нуриддинович- студент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2021
Обуна шудан
НовостиTelegram
Айниддини 21 - соларо, ки падараш бинобар шикояти декан аз ҳузур надоштан дар аксари дарсҳо ва ҳамчунин бидуни омодагӣ ба дарс ҳозир шудан, сарзаниш кард, хост қасдашро аз устоди худ бигирад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Донишҷӯё, ки декани Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро корд зада фирор кард, билфосила аз ҷониби кормандони пулис боздошт гардид.
Навори мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтани Айниддини 21 - соларо Пайки Суғд дар You Tube нашр намудааст.
Ба изҳори донишҷӯи соли 2- юми ДТТ, декани факулта аз ба дарсҳо наомадани ӯ ба падараш шикоят кард, ки дар натиҷа ҷавон аз cӯи пайвандони худ сарзаниш шудааст.
Пас аз дар хона "дарси адаб" гирифтан, Айниддин нақшаи аз ҳаёт маҳрум кардани устоди шикояткунандаро мекашад.
Даромадгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баъди сӯхтор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2021
Донишҷӯ дар саҳни донишгоҳ деканро корд зад: аз триместр нагузашт
Ӯ пеш аз донишгоҳ рафтан, аз бозори "Саховат" як адад корд харидорӣ намуда? роҳ ба сӯи ҳуҷраи кории декани донишгоҳ гирифт.
"Пеши декан даромадам. Гуфт ман қатии ягон кас гап намезанам, танҳо ҳамроҳи падарат сӯҳбат кардам, тамом. Ман корд гирифта як маротиба устодро задам ва сипас баромада рафтам", - нақл мекунад донишҷӯи боздоштшуда.
Ёдрас мешавем, дар бораи ҳодисаи коркашии донишҷӯ дар саҳни донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин шуда Sputnik Тоҷикистон гузориш дода буд.
Бояд гуфт, ки қазияи маҷрӯҳ шудани декан аз ҷониби донишҷӯро чанде пеш рӯзноманигорон аз Вазири маорифи Тоҷикистон низ пурсон шуданд.
Имомзода гуфт, мехоҳад иддаои донишҷӯи кордкашро шунавад
Имомзода дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки ҷурми декан ҳам дар ин масъала истисно нест.
Вазир посух гуфт, ҳоло он иттилое, ки дорад, яктарафа аст ва то тафтиши пурраи ҳодиса аз ҷониби мақомот ба хулосае омада наметавонад.
"Ҳоло мақомотҳои марбута ин ҳолатро тафтиш доранд, лекин барои мо ҳарду ҳам баданд. Он чизҳое ки мо шунидем якҷониба аст, лекин ман мехостам ҷониби донишҷӯро низ шунавам", - таъкид кард вай.
Ба гуфтаи Имомзода, вақте санҷиш ба итмом мерасад, ин масъаларо дар сатҳи тамоми донишгоҳҳо баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0