Тақдими 10 мошини муҷаҳҳази ёрии тиббӣ ба беморхонаҳои Душанбе

© сомонаи ҳукумати ДушанбеМошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки ба беморхонаҳои Душанбе тақдим шуданд
Мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки ба беморхонаҳои Душанбе тақдим шуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Хайрхоҳон ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 адад мошини ёрии таъҷилиро туҳфа кардаанд, ки бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Фонди хайриявии “Ситораи Файзбахш” ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа кард, хабар дод шаҳрдории Душанбе.
Мы совершили ошибку: дефицит вакцин заставил ЕС присмотреться к Спутнику V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
"Спутник V" метавонад кӯмак кунад: Аврупо ба норасоии шадиди ваксин рӯбарӯ шуд - навор
Манбаъ таъкид кард, ки ин мошинҳо бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, аз ҷониби раёсати тандурустӣ мувофиқи эҳтиёҷот ба муассисаҳои тиббии пойтахт супорида мешаванд.
Ниёзмандиҳо ба мошинҳои ёрии аввалия дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон махсусан дар замони хуруҷи пандемияи коронавирус зиёд шуд. Феълан мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъ муътадил буда, дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ҷой надорад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кившар ахиран таъкид кард, ки дар Тоҷикистон феълан ягон маризи коронавирус боқӣ намондааст ва агар ба ин ҳақиқат касе шак дошта бошад, ин назари танҳо ҳамон ҷониб аст ва бигзор дар ақидаи худ устувор монад.  
Министр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Карантин накардему буридем: вазир панҷ сирри Тоҷикистонро дар пирӯзӣ ба коронавирус гуфт
"Омори дармонгоҳҳо ва натиҷаи ташхиси маризон, ҳамчунин гаштҳои хонагии ҳамарӯза собит месозад, ки Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст", - мегӯяд вазири тоҷик.
Ӯ таъкид намуд, ки бигзор аз дилхоҳ кишваре, ки ба омори Тоҷикистон шак доранд, ҳайати корӣ таъсис ёбад, ва озими ҷумҳурӣ шаванд ва бо чашмони худ бубинанд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба ин вирус боқӣ намондааст.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 30 апрели соли гузашат, расман мавҷуд будани вируси СOVID - 19 - ро тасдиқ кард.  Аз авохири моҳи апрел то моҳи январ расман дар мамлакат, 13 308 маризи коронавирус сабт гардиданд, ки аз ин миён 90 бемор фавтида, 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала