Дар Душанбе ба ҷойи бозори собиқ "Ҷал-Ҷам" шаҳраки замонавӣ месозанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевРайон Яккачинар в Душанбе
Район Яккачинар в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Дар маҳаллаи Яккачинор, ки асосан хонаҳои хусусӣ ҷойгир аст, шаҳраки нави истиқоматӣ бо инфрасохтори худ пайдо мешавад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар  ҳудуди  собиқ бозори "Ҷал-Ҷам" ва биноҳои атрофи он шаҳраки нави замонавӣ бунёд мегардад, хабар медиҳад Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт.
Министр культуры Таджикистана Давлатзода Зулфия Давлат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Давлатзода аз харҷи маблағ ва анҷоми сохтмони театри Маяковский гуфт
Ба иттилои манбаъ,  тибқи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур дар ин мавзеъ сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, муассисаи томактабӣ барои 250 ҷой ва мактаб  барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2020 бо бартараф намудани бозори "Ҷал-Ҷам" ва биноҳои атрофи он барои таҳияи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур  иҷозат дода шудааст.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби  "ҶСК Шаҳрофар" дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия мегардад.
"Маҷрои дарёро дигар мекунад": Агентӣ сохтмони "Ёқут – 2000"-ро ғайриқонунӣ хонд
Бозори "Ҷал-Ҷам" аз машҳуртарин марказҳои савдои масолеҳи сохтмонӣ дар кишвар буд, ки аввали соли 2020 тахриб ва тоҷирони он ба маҷмааи нави савдои “Кӯшониён”, воқеъ дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала