Раҳмон дарахтонеро, ки 20 сол пеш аз хориҷ оварда шуданд, дар майдони "Истиқлол" шинонд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Корҳои сохтмонӣ дар майдони "Истиқлол"- и шаҳри Душанбе бояд то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон анҷом ёбад
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз аз рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони "Истиқлол"- и пойтахт дидан намуд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон пас аз шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ, дар ду тарафи даромадгоҳи боғи майдони "Истиқлол" дарахт шинонд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Рустами Эмомалӣ гуфт, барои майдони "Истиқлол" чанд миллион харҷ шудааст
Гуфта мешавад, ин дарахтон секвояи калифорния буда, ҳанӯз 20 сол пеш аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд ва дар боғи Қасри миллат парвариш мешуданд.
"Дарахтони секвояи калифорния 3000 сол умр мебинанд ва дар боғи мазкур 36 адад аз ин дарахтон шинонида шуд", - таъкид мешавад дар иттилоияи котиботи раисҷумҳур.
Манбаъ меафзояд, дар оянда боз аз кишварҳои аврупоӣ намуди дигари дарахтони сояафкан оварда мешавад.
Қаблан, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ҳаҷми маблағеро, ки то ҳол барои сохтмони майдони "Истиқлол" харҷ шудааст, эълон кард.
Зувайдзода гуфт, Боғи Истиқлолро кӣ ва аз кадом ҳисоб месозад
Ба таъкиди ӯ, то ҳол барои бунёди майдони "Истиқлол" беш аз 30 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.
Маҷмааи Боғи Истиқлол, яке аз иншооти ҷашнии бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки масоҳати он наздики 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.
Дар ин ҷо бунёди майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала