Дастури Раҳмон дар бораи таҷлили Наврӯз сарфакорона ва бе хараҷоти зиёдатӣ

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон на совещания с вице примерами
Эмомали Рахмон на совещания с вице примерами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Масъулини тоҷик вобаста ба камхарҷу бидуни исрофкорӣ таҷлил кардани Наврӯз дар Тоҷикистон дастурҳои мушаххас гирифтанд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо муовинони сарвазир, ёварони раисҷумҳур ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуд ва чанд масъала, аз ҷумла таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистонро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, машварат бо роҳбарии президент имрӯз дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он муовинони нахуствазир, ёварони раисҷумҳур ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба маъракаи кишту кори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ баррасӣ гардид.
"Омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавзӯи дигари машварат буд, ки ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Пештар Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19 расман эълон кард, ки ҷашни Наврӯз-2021 дар Тоҷикистон бояд чӣ гуна баргузор шавад.
Ҷойҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон баргузории Иди байналмилалии Наврӯзро дар кишвар расман иҷозат дод.
Тибқи қарори ситод, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, тантанаҳои идона дар Наврӯз иҷозат шуда, аммо намоишҳои оммавии театрӣ дар майдонҳо ҳанӯз ҳам манъ карда шудаанд.
Дар Тоҷикистон таҷлили Наврӯз иҷоза шуд, аммо оммавӣ не
Ҳамзамон, ситод низ ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тавсия дод, ки дар рӯзҳои таътили солона ба исрофкориҳо ва хароҷоти аз ҳад зиёд роҳ надиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала