Боздошти силоҳфурӯш дар Душанбе: муштариёни ӯ ноболиғон ҳастанд

© акс аз РВУД дар шаҳри ДушанбеБоздошти силоҳфурӯш дар Душанбе
Боздошти силоҳфурӯш дар Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Эмомов иқрор шудаст, ки ашёи мазкурро ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯш гузоштааст ва муштариёни ӯ асосан ноболиғон ҳастанд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Кормандони РВУД дар шаҳри Душанбе ҷавонеро боздошт намуданд, ки ғайриқонунӣ ба фурӯши силоҳи сард машғул будааст.
Ба иттилои котиботи раёсати мазкур, боздоштшуда Эмомов Алиакбари 26 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки зимни баргузор кардан амалиёти "Корд" аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2020
Боздошти силоҳфурӯш ҳангоми амалиёти корд дар Душанбе
Номбурда, дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт бар хилофи талаботи қонунгузорӣ фурӯши ашёи таркибан силоҳмонандро ба роҳ мондааст.
Манбаъ меафзояд, зимни азназаргузаронии фурӯшгоҳи Эмомов, зиёда аз 30 адад чунин ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфт ва мусодира карда шуд.
Зимнан, Алиакбар иқрор шудаст, ки  силоҳро танҳо ба хотири ба даст овардани даромад ба фурӯш гузоштааст. Ӯ таъйид намуд, ки харидорони асосии ӯ ноболиғон ҳастанд.
"Ҷовонону ноболиғон ин қабил ашёро на ба хотири истифодаи хоҷагӣ, балки бо мақсади бо худ нигоҳ доштану тарс додани рақибони худ мехаранд, ки оқибати фалокатбори он ба ҳамагон маълум аст", - таъкид мешавад дар хабар.
Мусодираи силоҳи оташфишон аз сокини Турсунзода: "барои ҳимояи оилаам харидам"- навор
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати Эмомов санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала