Мардуми Тоҷикистон дар Наврӯз 6 рӯз истироҳат мекунанд

Праздник в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Дар робита ба таҷлили ҷашни Иди модарон ва Наврӯз тоҷикистониён қариб нисфи моҳи мартро бо истироҳат мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, сокинони кишвар моҳи март 13 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Эмомали Рахмон на совещания с вице примерами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Дастури Раҳмон дар бораи таҷлили Наврӯз сарфакорона ва бе хараҷоти зиёдатӣ
Ба иттилои манбаъ, санаи таҷлили Рӯзи модар, ки ҳамасола 8 март таҷлил карда мешавад соли гузашта ба рӯзи якшанбе рост омада буд ва имсол бошад ба рӯзи душанбе рост омадааст, ки истироҳат эълон шудааст.
"Сокинони кишвар дар арафаи Рӯзи модар рӯзҳои 6,7 ва 8-ум истироҳат мекунанд",- гуфт манбаъ.
Манбаъ гуфт, таҷлили Иди Наврӯз дар кишвар расман аз 21 то 24 март таҷлил мегардад, аммо имсол, ки санаи 21-уми март ба рӯзи истироҳатӣ рост меояд, 25-уми март низ дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст.
“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, - гуфтанд аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Бо назардошти рӯзҳои иду истироҳат шаҳрвандони кишвар имсол дар моҳи март рӯзҳои 6, 7, 8, 13, 14, 20, 21, 22, 23, 24, 25, 27 ва 28  март, дар умум 13 рӯз истироҳат мекунанд.
Ҷойҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе 
Ёдовар мешавем имсол дар Тоҷикистон Иди Наврӯз чун солҳои пеш бошукуҳ таҷлил намешавад. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус танҳо таҷлили расму оин ва бозиҳои варзиширо иҷозат додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала