Ширкати туркӣ шаҳрдории Кӯлобро ба додгоҳ кашид

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузаштан ба хазинаи аксСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, ки дар сурати таъмин шудани бахши даромадии буҷети шаҳрдорӣ талош хоҳад кард, ки қарзи ин ширкати туркиро бипардозад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Як ширкати туркӣ шаҳрдории Кӯлобро барои пардохт накардани 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бобати ҳазинаи насби чароғ дар хиёбонҳои ин шаҳр, ба додгоҳ кашондааст.
Открытие нового моста между селом Панджарийон села Гафор-Мирзо Ховалингского района и селом Синджи Муминободского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Зимни азнавсозии роҳи Кӯлоб-Мӯъминобод 6 пул таҷдиду азнавсозӣ мегардад
Ду сол қабл ин ширкати туркӣ барои чароғон кардани хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб 300 чароғ ворид кард, ки ниме аз ин таҷҳизот насб шудаву маблағи ин қарордод пардохт нашудааст, менависад "Парс тудей".
Аммо Пираҳмад Қурбонов, муовини раиси идораи молии шаҳрдории Кӯлоб гуфтааст, ки дар матни қарордод бо ин ширкати туркӣ мушаххас нест, ки чӣ наҳоде бояд маблағи чароғон кардани хиёбонҳоро пардохт кунад.
Бо ин ҳол, Эрдуғон Фарҳат, мудири ширкати ERTA Gurup Dis Ticaret. LTD дар номае ба дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки тарафи қарордоди ин ширкати туркӣ Идораи сохтмонсозии шаҳрдории Кӯлоб аст ва дар матни созишнома дар ин бора ишорае равшан вуҷуд дорад.
Раҳмон гуфт, раиси Кӯлоб бо муовинаш ба 306 нафар замин фурӯхтааст
Аз сӯи дигар, Қодир Вализода, шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, ки дар сурати таъмин шудани бахши даромадии буҷети шаҳрдорӣ талош хоҳад кард, ки қарзи ин ширкати туркиро бипардозад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала