Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Намоҳанги Манижа барои Евровидение - 2021 беш аз миллион бинанда гирифт

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Барои ба як миллион бинанда расидани суруди Манижаи Сангин - "Russian Woman" камтар аз як шабонарӯз басанда буд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Суруди Манижаи Сангин барои Евровидение - 2021 таҳти унвони "Russian Woman" (Зани рус), ки дар шабакаи расмии озмун дар Youtube нашр шудааст, марзи як миллион бинандаро убур кард.
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Ақаллан ба сегона ворид мешавад: пешбинии ситораҳо аз шонси Манижа дар "Евровидение"
Бояд гуфт, ки барои ба чунин дастовард ноил шудан ба суруд ҳамагӣ 27 соат басанда буд. Намоҳанг соати 12:00 - и 10 март дар ин саҳифа ҷой дода шуда буд.
Намоҳанги суруди "Russian Woman" - ро беш аз 52 ҳазор корбар писандида ва 24 ҳазор кас написандидааст.
Зери суруди сарояндаи тоҷики муқими Русия аллакай 25 ҳазор шарҳ аз тамоми гӯшаю канори дунё ҷамъ шудааст.
Аксари тамошобинон Манижаро бо гурӯҳи Little Big, ки соли 2020 ба Евровидение пешбарӣ шуда буд, муқоиса мекунанд ва қайд менамоянд, ки зодаи Тоҷикистон дорои стили худӣ мебошад.
Ҳамаро мешиканам: Манижа бори аввал аз ҳиссиёти худ барои Евровидение гуфт - видео
Ҳамин тавр, Манижа миёни ширкаткунандагони озмуни Евровидения, сеюмин сарояндаест, ки беш аз миллион бинанда гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала