Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад.
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрноки  бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 3  дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Ҳушдори КҲФ аз бориши борони шадид ва барфи тар дар Тоҷикистон
Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳо тумани тунук мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда  дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдори КҲФ аз бориши борони шадид ва барфи тар дар Тоҷикистон
Read more: 
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, танҳо дар охири рӯз бориши сусти борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  3+5  ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала