Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикистон 12 қирғизистонии боздоштшударо раҳо кардааст

© © Фото / пресс-служба ГПС КРПограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Қаблан марзбонони Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ 12 қирғизистониро боздошт карда буданд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон дастгир шудаанд, ба ватанашон баргардонида шудаанд.
Глава ГКНБ Кыргызстана  Камчыбек Ташиев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Ташиев гуфт, ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ имкон аст хонаҳои баъзе қирғизҳо тахриб шавад
Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии Sputnik котиби матбуотии дастгоҳи ваколатдори ҳукумат дар вилояти Бодканди Қирғизистон, Чолпон Бердиқулова хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қаблан марзбонони Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ 12 қирғизистониро боздошт карданд.
Охири ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон ҳафт шаҳрванди Қирғизистон - панҷ сокини вилояти Бодканд ва ду нафар аз Ушро раҳо кардаанд, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, қабл аз он, рӯзи 26 феврал, ду сокини Бишкек бо чорво ва мошинҳояшон низ баргардонида шуданд.
Манбаъ мегӯяд, додгоҳи Тоҷикистон ҳамаи қирғизистониҳои боздоштшударо ба пардохти ҷарима муваззаф кардааст.
Инчунин хабар дода мешавад, ки пас аз гуфтушуниди намояндагони ду кишвар, рӯзи 23 феврал се сокини минтақаи Лайлак ба ватан баргардонида шуданд, ки онҳо дар робита бо вайрон кардани низоми убури сарҳади давлатӣ огоҳӣ гирифтанд.
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз боздошти Абдулфаттоҳев ва ёддошти расмии Душанбе ба Маскав
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 15 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ дар боздоштгоҳи Бодканд нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала