Новый логотип Евровидение 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 марзи чор миллион бинандаро убур кард

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Намоҳанги Манижа Сангин тоҷикдухтари муқими Русия, ки дар Евровидение - 2021 аз ин кишвар намояндагӣ мекунад, аллакай марзи 4 миллион тамошибинро убур кард
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Намоҳанги овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин аллакай чор миллион бинанда гирифт. Суруди Манижа давоми 8 рӯз дар шабакаи Youtube аз ҷониби се миллион нафар тамошо шудааст.
Шоумен и музыкант Станислав Барецкий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Баретский Лозаро барои танқиди суруди Манижа ба дуэл даъват кард
Илова бар, намоҳанги Манижаро ҳазорон нафар писанда, ҳамчунин зери он корбарон шарҳ гузоштаанд. Вале сафи нафароне, ки ин намоҳангро қабул надошта, ҳамзамон муқобили иштироки Манижа дар Евровидение - 2021 аз номи Русия низ кам нестанд.
Ҳоло Манижа танҳо як гурӯҳи попи Сербия Hurricane, ки иборат аз се духтар мебошад, ақиб мондааст. Намоҳанги ин гурӯҳ аллакай 4,5 миллион бинанда пайдо намудааст.
Намоҳанги Манижа рӯзи 10 март соати 12:00 дар канали озмуни сурудҳо нашр шуд. Ба ҷои видеои анъанавӣ, ба мухлисони озмун ҳунарнамоии Манижа дар доираи интихоби миллӣ низ тақдим карда шуд.
Бадтар аз коронавирусу кризис: посухи танзомези Манижа ба мунаққидонаш - видео
Дар оғози видео Манижа дар тан ҷома дорад ва сарашро бо рӯймол бастааст. Каме баъдтар, сароянда ҷомаашро кашида, дар либоси сурх мемонад, ки дар қафои он навиштаҷоти Russian Woman - номи суруди ӯ навишта шудааст.
Ошкоргӯиҳои Манижа бо Собчак: аз посух ба Жириновский то таҳпӯшу нажодпарастӣ - видео
Ҳунарнамоии ӯ ҳайратангез ва ғайриоддӣ гашту тамошобинонро ба тарафдорону зид ва онҳое, ки аз ин суруд дар шок афтоданд, тақсим кард.
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Ёдовар мешавем, ки овозхонҳои тоҷик ба пирӯзии Манижа Сангин хушбин ҳастанд ва ҳунари ӯро басо воло ва ҷаззоб арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала