Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар Бишкек ба далели ҳамагирии COVID назорати санитарӣ пурзӯр мешавад

© © AFP 2021 / VYACHESLAV OSELEDKOОхранник и посетитель в медицинских масках у входа в торговый центр в Бишкеке. Архивное фото
Охранник и посетитель в медицинских масках у входа в торговый центр в Бишкеке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Шаҳрдорӣ аз соҳибкорон даъват мекунад, ки барои кормандон шароити бехатари корӣ фароҳам оранд, инчунин муштариёнро аз таҳдиди сироятшавӣ эмин доранд
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Дар Бишкек бо назардошти вазъи коронавирус назорати санитарӣ пурзӯр карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, танҳо рӯзи гузашта дар шаҳр 56 ҳолати сироятшавӣ ошкор шудааст.
В Узбекистане выздоровели еще пятеро заболевших коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID - 19 миёни кӯдакон дар Ӯзбекистон
Дар маҷмӯъ, дар Бишкек 29 365 ҳолати COVID, аз ҷумла 13 089 ҳолати пневмония, вуҷуд дорад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Шаҳрдорӣ бо назардошти вазъи COVID ба микроавтобусҳо ва сокинони Бишкек муроҷиат мекунад
Бо супориши муовини мири шаҳр Ойҷон Чинибоева шумораи санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои мобилӣ зиёд карда шуд.
Шаҳрдорӣ аз соҳибкорон даъват мекунад, ки барои кормандон шароити бехатари корӣ фароҳам оранд, инчунин муштариёнро аз таҳдиди сироятшавӣ эмин доранд.
Ветнам "Спутник V" - ро сабти ном кард
Қаблан Вазорати тандурустӣ аз сокинони Бишкек даъват карда буд, ки меъёрҳои санитариро риоя кунанд ва ба ҷойҳои серодам нараванд, зеро дар пойтахт ҳолатҳои сироятёбӣ зиёданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози ҳамагирии коронавирус дар Қирғизистон 87.537 ҳолати сироятёбӣ муайян карда шудааст. Аз ин шумора 84 274 нафар шифо ёфтаву, 1490 нафар фавтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала