Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Маҳдудиятҳои нав дар тӯйю маъракаҳо дар Ӯзбекистон

CC0 / Pixabay / Обручальное кольцо
Обручальное кольцо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Аз ҷумла, аз 1 апрел шумораи меҳмонон дар тӯйҳо, ҷашну маросимҳои оилавӣ то 100 нафар маҳдуд хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии кишвар гуфт, ки мақомоти Узбакистон аз 1 апрел ҳузур дар тӯйҳо, кинотеатрҳо ва толорҳои консертиро дубора маҳдуд мекунанд.
Вақтҳои охир теъдоди гирифторон дар як рӯз то 50 нафар буд, аммо, ин ҳафта, шумораи мубталоён дар як рӯз аз 100 ҳам гузашт.
"Бо сабаби афзоиши шумораи коронавирус, вазъият талаб мекунад, ки баъзе маҳдудиятҳо дар чорабиниҳои оммавӣ ҷорӣ шавад. Аз 1 апрел маҳдудиятҳо дар баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар амал хоҳанд буд", - омаддаст дар паём дар канали Telegram-и Вазорати тандурустӣ.
Аз ҷумла, аз 1 апрел шумораи меҳмонон дар тӯйҳо, ҷашну маросимҳои оилавӣ то 100 нафар маҳдуд хоҳад шуд. Ғайр аз ин, дар консертҳо, дар кинотеатрҳо ва театрҳо, шумораи тамошобинон набояд аз 50% шумораи нишастҳо зиёд бошад.
В Узбекистане выздоровели еще пятеро заболевших коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID - 19 миёни кӯдакон дар Ӯзбекистон
Вазорати тандурустии кишвар илова кард, ки бо қарори комиссия кори нуқтаҳои савдои чакана дар театрҳо, толорҳои консертӣ, ки дар он ҷо намоишҳо баргузор мешаванд, низ қатъ карда мешавад.
Тибқи маълумоти охир, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишвар ба 81 559 нафар расидааст, ки дар маҷмӯъ 622 нафар аз сироят фавтида, 79.949 шифо ёфтанд.
Зимнан, ваксинзании оммавӣ алайҳи коронавирус дар Ӯзбекистон аз 1 апрел оғоз мешавад.
Қарор аст, то охири соли 2021 эмгузаронии 7 миллион нафар, ё 20% аҳолӣ, гузаронида шавад. Ӯзбекистон 15 миллион доза ваксина фармоиш додааст.
Ӯзбекистон шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро зиёд кард
Дар марҳилаи аввал, аҳолӣ бо доруи AstraZeneca, ки ҳафтаи гузашта ба кишвар ворид шуд, эм карда мешавад.
Пеш аз ҳама, одамони аз 65-сола боло, кормандони тиб, муаллимони мактабҳои миёна ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эм карда хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала