Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Пизишки қазоқ пас аз ваксингирӣ фавт кард?: вазорат чӣ посух дод

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Фавти як момодоя дар Қазоқистон пас аз ваксингирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба бор овард
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Фавти як корманди тиб дар Қазоқистон пас аз гирифтани эм, зуд ба Facebook роҳ ёфт ва мавриди баҳси гарми корбарон қарор гирифт.
Бар тибқи ин хабар, дар ноҳияи Косозен Илийский духтури бемориҳои занона пас аз гирифтани ваксини сохти русӣ - "Спутник V"  ҷон аз даст додааст.
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Сабаби лахтшавии хун аз ваксинаи AstraZeneca маълум шуд
Аммо Вазорати беҳдошти Қазоқистон фавти пизишкро пас аз гирифтани эм қатъиян рад намудааст.
Ба маълумлоти вазорат, пизишки маҳаллӣ рӯзи 5 март мариз шуда, рӯзи 9 март мошини Ёриии таъҷилӣ ӯро бо нишонаҳои илтиҳоби шадиди шуд ба беморхонаи сироятӣ интиқол дод. Пас аз ду ҳафта вазъи бемор беҳтар нашуд ва рӯзи 23 март ӯ даргузашт.
Вазорат мегӯяд, пизишки марҳум алайҳи коронавирус эм нагирифтааст ва иллати маргӣ ӯ бемории қалб аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон эмгузаронӣ бо ваксини таҳиякардаи Русия "Спутник V" ҷараён дорад. Нахуст 22 ҳазор воя ваксин аз Федератсияи Русия интиқол ёфт ва сипас истеҳсоли ин ваксин ба зиммаи ширкати дорусозии Қараганда вогузор карда шуд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавқеъяшро дар бораи AstraZeneca гуфт
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон маъракаи эмгузаронӣ аз 23 март оғоз ёфтааст. Дар Қирғизистон бошад нахустин марҳилаи эмгузаронӣ аз 29 март шурӯъ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала