Уайт бо зарбаи сахт Поветкинро аз пой афтонду қаҳрамони ҷаҳон шуд- навори нокаути шадид

Муштзани рус Александр Поветкин аз Диллиан Уайт сахт шикаст хӯрд: бритониёӣ бо як зарбаи ҳалокатовар Найтси Русияро ба замин афтонд
Муштзани рус Александр Поветкин дар бозии ҷавобӣ аз варзишкори бритониёӣ - Диллиан Уайт мағлуб шуд ва унвони қаҳрамони WBC - ро дар вазни вазнин аз даст дод. Бозии ҳалкунанда байни варзишгарон дирӯз дар Гибралтар дар доираи шоми бокс "Ҷанг дар кӯҳ" баргузор шуд.
Бокс. Бой А. Поветкина и А. Руденко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2020
"Майк Тайсони ҷавон": Поветкин қаҳрамони муваққатии WBC гардид - видеои нокаути бераҳм
Варзишкори Русия дар даври чорум нокаут шуд. Аз ибтидо, Уайт ба ӯ зарбаи даҳшатнок зад, ки метавонист охирин бошад. Бо вуҷуди ин, Поветкин сари вақт ба худ омада, дар посух ба ҳамла талош кард, дар ҳоле, ки чанд зарбаи дигар аз рақиб гирифт.
Уайт бемайлон пеш мерафт: Поветкин ба ӯ наздик шуда ҳам наметавонист. Аксари зарбаҳо ё ба ҳадаф намерасиданд ё танҳо мудофиавӣ буданд.
Аммо, як зарбаи марговар, муштзани русро 40 сония пеш аз гонг аз пой афтонд. Поветкин пас аз ҳамлаи пурқудрати бритониёӣ ба замин афтоду доварон рақобатро боздоштанд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин реванш миёни варзишгарон моҳи августи соли 2020 дар Бритониё баргузор шуда ва бо пирӯзии варзишкори Русия ба поён расида буд. Он замон нокаути Поветкин - ҳамчун нокаути сол эътироф шуд.
Хушқадам боз дар Ҷоми ҷаҳонӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев пирӯз шуд
Бозии ҷавобиро ба далели санҷиши мусбати коронавируси Поветкин ба таъхир гузоштан лозим буд. Ҳамин тариқ, шикаст дар Гибралтар сеюмин мағлубияти Поветкин мебошад.
Ӯ 36 маротиба пирӯз шуда, 25-тои онҳоро бо нокаут ба даст овард. Як рақобати дигари Поветкин мусовӣ анҷом ёфт.
Дар навбати худ, Уайт 28 ғалаба (19 - бо нокаут) ва 2 бохт дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала