Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Кӣ Аврупоро аз вирус эм хоҳад кард

© AFP 2020 / CHARLES PLATIAUКанцлер Германии Ангела Меркель, президент Франции Эммануэль Макрон и президент России Владимир Путин
Канцлер Германии Ангела Меркель, президент Франции Эммануэль Макрон и президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Музокироти Владимир Путин бо Ангела Меркел ва Эммануэл Макрон ҳам чашмдошт буду ҳам ғайричашмдошт
ДУШАНБЕ, 1 апрел - Sputnik, Петр Акопов. Санаи дақиқи видеоконфронс рӯзи сешанбе баргузор шуд, гарчанде пешакӣ маълум набуд. Аммо расиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский се ҳафта аст, ки дар бораи нияти баргузории ингуна мулоқот дар "Шакли Нормандӣ" сӯҳбат мекунад. Вале Зеленский ба ин музокирот даъват нашуд - Кремл таъкид кард, ки ҳоло бо сиёсатмадоре, ки оташбасро вайрон мекунад ва вазъро дар Донбасс шадидтар мекунад, намехоҳад гуфтугӯ кунад. Украина ба он хотир аз ин музокирот канор монд, ки роҳбарони Русия, Фаронса ва Олмон барои баррасӣ мавзӯъҳои зиёде доштанд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Лавров гуфт, равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо қатъ шуд
Путин се моҳ аст, ки бо Меркел ва Макрон суҳбат накарда буд - аммо аз даврони ахири суҳбати телефонии онҳо дар аввали моҳи январ, вазъ на танҳо дар Донбасс, балки дар муносибатҳои Ғарбу Русия  низ шиддат гирифтааст.
Савгандёдкунии Байден ва вокуниши Аврупо ба ивази ҳукми шартани Навалний бо ҳукми воқеӣ муносибаҳоро боз ҳам харобтар кард. Маскав ошкоро эълон кард, ки муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо сард гаштааст -  ин иқдом бо айби Русия набудааст. Дар баробари ин, Аврупо дар маҷмӯъ ва дар маҷмӯъ роҳбарони кишварҳои алоҳида наметавонанд муносибатҳо бо Маскавро таваққуф кунанд - баръакс, бар асоси манфиатҳо, аз ҷумла манфиатҳои сиёсии дохилӣ худ, онҳо ба сиёсати фаъол дар шарқ ниёз доранд. Аммо инро чигуна бидуни музокирот метавон кард?
Ба ҳамин хотир се роҳбар – якбора чандин масъаларо баррасӣ карданд. Аз Украина то Либия, аз ваксинаҳои Русия то Эрон.
Мавзӯъи Навалний ва Лукашенко низ фаромӯш нашуд. Дар ҳалли масоили баррасишаванда  пешрафте нест ва буда ҳам наметавонад - ҳатто эълони кор оид ба сабти ном ва истеҳсоли Sputnik V дар Аврупо дар назар буд. Зеро дар ин ҷо Аврупо манфиат ва имкониятҳои мушаххас барои ҳалли ин мушкилотро дорад - аммо дар мавзӯъҳои дигар ҳеҷ (Эрон) имкон ё хоҳише (Украина) вуҷуд надорад.
Отражение мужчины на фоне флага ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Аврупо худ муносибатро бо Русия ба бунбаст расонду боз хушҳол нест
Берлин ва Париж омода нестанд Украинаро ба муколамаи мустақим бо Донбасс ва ислоҳоти конститутсионӣ маҷбур кунанд - ва бидуни ин, ҳеҷ гуна пешрафт дар ҳалли ин масъала ба назар намерасад.
Инчунин дар мавзӯи Беларус низ пешравӣ нест - ба кӯшиши баррасии ин масъала, Путин дахолати беруна ба корҳои дохилии як давлати соҳибистиқлолро қобили қабул хонд.
Ҳангоми баррасии "вазъи Алексей Навалний "Меркел ва Макрон" диққати президент Путинро ба зарурати эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ мутобиқи Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар ва ҳифзи саломатии ӯ ҷалб намуданд.
Қазияи Навалний аллакай ба муносибатҳои Русия ва Аврупо таъсир ҷиддӣ гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол, мавзӯи калидии музокирот изҳороти Путин буд, ки гуфта буд Русия омодааст ҳамкориҳояшро бо ИА-ро барқарор намояд бо шарте, ки худи Аврупо ба ин кор манфиатдор бошад.
Европейский квартал в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2021
Кушиши Аврупо барои ҳифзи муносибат бо Русия ва ояндаи худ
Аммо мушкил дар он аст, ки дар маҷмӯъ, касе нест, ки Путин бо ӯ сӯҳбат кунад. Ҳатто Меркел ва Макрон ҳам наметавонанд ин мушкилотро ҳал кунанд. Ин ду роҳбар дар ҳалли масъалаҳои стратегӣ комилан нотавонанд (ё ҳадди аққал кӯшиш мекунанд) - онҳо аз корҳои дохилӣ нигаронанд.
Бе ҳалли масъалаи Украина, муносибатҳои Аврупо бо Русия ҳамеша зери таъсири Атлантикиҳо хоҳанд буд - яъне Маскав ҳамеша раҳбарони Аврупоро дар беҳтарин ҳолат ҳамчун сиёсатмадорони вобаста, ҳамчун одамони дорои имкониятҳои маҳдуди геополитикӣ ва сусти соҳибихтиёрӣ дарк хоҳад кард.
Ба онҳо ваксинаи "Спутник V" -и мо ҳам кумак намекунад - зеро мо аз дахолати беруна масуният дорем, аммо аз аврупоиҳо суст шудааст. Вале ҳеҷ гоҳ дер нест, ки ба саломатии худ аҳамият диҳед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала