Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Шарҳи ВКД дар бораи садамаи маргбор дар даромадгоҳи нақби “Истиқлол”

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание министерства внутренних дел Таджикистана
Здание министерства внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамаи маргбори рӯзи 31 март, дар даромадгоҳи нақби "Истиқлол" - ро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ин ҳодисаи нохуш, рӯзи субҳи 31-уми март, тахминан соати 05:30-дақиқа рух додааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикитсон.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи худрави тамғаи "Мерседес-Бенс", Ичилов Ислом Маликович сокини 25 - солаи ҷамоати деҳоти Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Садамаи маргбор дар даромадгоҳи нақби “Истиқлол”: ҳамдардии IRS – акс
Ӯ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Чаннок-Душанбе" дар ҷамоати деҳоти Анзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори даромадгоҳи нақб бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, мусофири дохили мошини мазкур Ҷӯраев Абдуллоҷон Саидбоевич, сокини 41-солаи  ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Садамаи маргбор: сокини ноболиғи Душанбе чор ҳамсолашро зер кард
Ёдрас мешавем, ки дар бораи ин садама ширкати роҳбони IRS дирӯз хабар дода, гуфта буд, ки ронанда ба даромадгоҳи нақби "Истиқлол" бархӯрд.
IRS ба пайвандони шахси фавтида ҳамдардӣ баён намуда, аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала