Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Жириновский азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Русияро шарҳ дод

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель ЛДПР Владимир Жириновский
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи азсаргирии парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон хушбин нест
ДУШАНБЕ, 1 апрел - Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи азсаргирии парвозҳо байни Маскав ва Душанбе изҳори назар кард. Изҳороти сиёсатмадор дар канали Telegram-и ӯ нашр шудааст.
"Парвозҳо ба кишварҳои гуногун аз ҷумла ба Осиё: Тошканд, Душанбе, Коломбо ва ғайра боз шудааст. Мо нишондиҳандаҳои хуб дорем: мавҷи сеюм нест, шумори сироятёфтагон низ кам шудааст", - таъкид дошт Жириновский.
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Жириновский пешниҳод кард, Тоҷикистонро ба ҳайси як вилоят ба ҳайати Русия шомил кунанд
Роҳбари Ҳизби либерал-демократ аз мақомот даъват намуд, ки то фасли тобистон вируси коронаро нест кунанд. Ба гуфтаи ӯ бо коронавирус ҳарчи зудтар бояд мубориза бурд, вагарна ба Русия боз ин вирусро ворид хоҳанд кард.
Сиёсатмадор инчунин вазъи кунунии Аврупоро, ки дар он мавҷи сеюми COVID-19 авҷ гирифтааст, шарҳ дод. Вай қайд кард, ки ҳоло бисёр кишварҳо маҳдудиятҳои шадидтар ҷорӣ намудаанд.
"Аврупо, баръакс, чораҳои шадидтарро пеш гирифтааст" . Ба хотири коҳиши шумораи сироятёбӣ ҳама ҷоро бастанд, аммо мо баъакс мехоҳем ҳамаро боз хароб кунем", - гуфт Жириновский.
Ҳамзамон, ӯ ишора кард, ки сайёҳони рус ба Хорватия, Туркия ва Словения даъват карда мешаванд.
"Онҳо ба пул ниёз доранд, чаро мо бояд аз онҷо беморӣ биёрем? Ин иштибоҳ аст. Барои ин мо ҳукуматро ҳангоми ироаи гузориши худ ба Думаи давлатӣ танқид хоҳем кард", - хулоса кард сиёсатмадор.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 1-уми апрел парвозҳои мустақим бо Тоҷикистонро барқарор кард. Парвозҳо байни кишварҳо моҳи марти соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ карда шуда буд.
Аввалин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав тавассути ширкати Ют Эйр рӯзи 2 апрел сурат хоҳад гирифт. Сокинони Душанбе чиптаи ҳавопайморо ба самти Маскав метавонанд бо арзиши 250-350 доллар харидорӣ намоянд. Бозгашт ба Тоҷикистон арзонтар хоҳад буд. Арзиши чипта барои парвоз аз Маскав ба Душанбе аз 150 то 250 долларро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала