Дидори вазири хориҷаи Ӯзбекистон бо дабири иҷроии СИКА дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание правительства Республики Таджикистан в Душанбе
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Вазири умури хориҷаи Ӯзбекистон бо дабири иҷроии конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё дидор кард
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбекистон, ки дар сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, бо Кайрат Сорибой, дабири иҷроии конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё дидор кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ карданд
Дар ин дидор ҳамкориҳои Ӯзбекистон дар қолаби ин конфронс баррасӣ шуд.
Сорибой барои ҳамкории Ӯзбекистон бо конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё арзиши бисёре қоил шуд.
Конфронси Таомул ва эътимодсозии Осиё (СИКА) нахустин бор 5 октябри соли 1992 дар замони баргузории чиҳилуҳафтумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тавассути Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури вақти Қазоқистон пешниҳод шуд.
Дили дардманд дар Осиёи Марказӣ: мушкилоти хотимаи ҷанг дар Афғонистон
Мавзӯи фаъолияти конфронси минтақаии СИКА таомул ва иқдомот, роҳкорҳову шеваҳои дастёбӣ ба эътимодсозӣ дар қораи Осиё эълом шудааст.
Конфаронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё 27 узви аслӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала