Пешсафии тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия: 64 ҳазор дар як сол

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксВыдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Вазорати умури дохилаи Русия, кишварҳоеро номбар кард, ки соли гузашта аз ҳисоби ба даст овардани шиноснома пешсафанд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Соли 2020, бештар аз дигарон, шаҳрвандии Русияро бошандагони кишварҳои собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон қабул карданд, менависад RT бо истинод ба ВКД - и Русия.
Инчунин, шаҳрвандони Қазоқистон, Арманистон ва Украина низ дар гирифтани шаҳрвандии Русия пешсаф мебошанд.
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Маълум шуд, чанд тоҷикистонӣ дар соли 2020 соҳиби шаҳрвандии Русия шуд
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Олга Чудиновских, мудири озмоишгоҳи иқтисод ва демографияи аҳолӣ дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Маскав, ин кишварҳо қаблан низ яке аз пешсафтаринҳо буданд.
"Инҳо одамоне ҳастанд, ки ба Русия кӯчида, муддате бо иҷозати иқомати муваққатӣ зиндагӣ карда, сипас солҳо дар ин ҷо фаъолият карда, андоз месупориданд ва билохира дар ин замина соҳиби шаҳрвандӣ шуданд", - хулоса намудааст Чудиновских.
Дар ҳамин ҳол, соли гузашта шаҳрвандии Русияро 656 ҳазор хориҷӣ ба даст оварданд, ки ин нишондиҳанда соли 2019 ба 498 ҳазор нафар баробар буд.
Зимнан, давоми моҳҳои январ - феврал ҳудуди 100 ҳазор нафар соҳиби шиносномаи русӣ шуданд.
Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия
Бояд гуфт, ки қаблан роҳбари Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия генерал-лейтенант Валентина Казакова изҳор карда буд, айни замон дархостҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия танҳо дар се моҳ баррасӣ карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала