Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Масҷид, митинг ва ҳабс: аз теъдоду талаб то оқибати эътирози рӯзи ҷумъа дар Маскав - видео

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Маскав ҳудуди 150 нафар иштирок намуданд, ки бо ҷалби пулис пароканда шуданд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Ҳамоиши эътирозии рӯзи ҷумъа дар шаҳри Маскав ғайриқонунӣ буда, бо ҷалби пулис пароканда шуд, хабар дод манбаъ дар Сафорати Тоҷикистон дар Маскав. 
Иззат Амон таджикский активист в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
ВКД: Иззат Амон дар Душанбе дастгир ва ҳабс карда шуд
Ба иттилои масъули намояндагии дипломатии Тоҷикистон, даъватҳо ба ҳамоиш дар масҷид дар хиёбони Мир садо додаанд ва гуруҳе дар пайи ин даъватҳо сӯи бинои сафорат раҳсипор шудаанд.
Сабаби ин ҳамоиш депорти Иззат Амон, фаъоли ҷамъиятӣ, аз Русия ва боздошташ дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. 
Манбаъ афзуд, ки ҳудуди 150 нафар дар ин ҳамоиш иштирок доштанд, ки ин амалашон ғайриқонунӣ буд.
“Мардум бояд донанд, ки барои гузарондани митинг иҷозатнома гирифтан зарур аст. Иштирокдоронро бидуни зӯроварӣ боздошт ва ба мошинҳои милиса бор карданд. Касе осеб надид. Акнун онҳоро барои митинги ғайриқонунӣ муҷозот интизор аст”, - изҳор дошт мақомдори сафорат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Масъули Сафорат таъкид кард, ки масҷид ҷои намоз аст, на даъватҳои сиёсӣ ва аз мардум хост ба иғвоҳо дода нашаванд. Ӯ ҳушдор дод, ки иштирок дар ҳамоишҳои ғайриқонунӣ муҷозот ва депорт дар пай дорад. Қонунгузории маъмурии Русия барои иштирок дар ҳамоишҳои ғайриқонунӣ ҷаримаю ҳабс ва хориҷ кардан аз кишварро пешбинӣ намудааст.
Ин шарҳи сафорат дар ҳолест, ки бар асоси наворҳои нашргардида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъомадагон озодии Иззат Амон, фаъоли ҷамъиятӣ ва роҳбари Маркази тоҷикон дар Маскавро талаб доранд.
Хабарҳои нопадид шудани Иззат Амон рӯзи 25 март расонаӣ шуданду рӯзи 27 март аз боздошташ дар Душанбе иттилоъ дода шуд. Маълум гардид, ки Иззат Амон аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва ба Тоҷикистон депорт гардидааст.
Ҷонибдорони Иззат Амон маҳрум шуданаш аз шаҳрвандии Русияро ғайриқонунӣ хонда, барқарор кардани ин ҳуҷҷат ва баргардонданаш ба Русияро талаб доранд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Иззат Амонро,  бо гумони қаллобӣ ва аз худ кардани пули корафтодае дар ҳаҷми 40 ҳазор рубл ва 1 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт карданд.
Полиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ Москва в Люблино - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2017
Манбаъ: Муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд тазоҳуроти дигаре баргузор кунанд
Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, Иззат Амон, ки расман номаш Холов Изатулло Амонович мебошад, бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда, гирифтааст. Гуфта мешавад, ки Шарипов бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар маҳбаси Русия қарор дорад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, Иззат Амон маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. Ин ниҳод инчунин аз шаҳрвандон даъват карда буд, ки агар аз амали Иззат Амон зарар дидаанд ба мақомот муроҷиат намоянд.
Назари бевоситаи худи Иззат Амон ва ҷониби ҳимояаш дар бораи айби эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала