Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар миёни кӯҳҳо: табиати зебои Ворух - видео

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон навореро нашр кардааст, ки дар он табиати зебои Ворухи Тоҷикистон нишон дода шудааст
Ворух — деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара мебошад. Аз Ворух то маркази ноҳия 44,7 км, то маркази вилоят 154 км, то пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе 468 км роҳ аст.
Село Ворух на границе Кыргызстана и Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Баҳс дар Ворух: собиқ раиси Суди Олӣ аз аввалин занозанӣ, ҳолати изтирорию гузаштҳо гуфт
Ворух дар ҷануби шаҳри Исфара воқеъ буда, майдони умумии он 84 ҳазору 458 га мебошад.
Ворух аз се самт бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Деҳаи Ворух яке аз маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз "вара"-и форсии қадим гирифта шуда, маънии "қалъа", "мавзеи бо девор иҳоташуда"-ро дорад.
Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан, ин мавзеъ Ворух номгузорӣ шудааст.
Аз ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди Ворух Масҷиди Сурх, Масҷиди Домулло Азим, Мавлоно Саид, Мазори Сутуни Тофта ё Сутуни Ғайбӣ, Мазори Хоҷаи Балогардон, Мазори Чимирғон Бобо ё Шибирғонӣ, Мазори Қаршӣ ё Лори Ширхона, Гаҳвораи Заррин, Мазори Хоҷаи Ғор, Хӯҷаи Имом, Хоҷаи Чорсанг Бобо, боқӣ мондаанд.
Аҳолии деҳа аз авлоди Домуллотухмиҳо, Мирзоҳо, Хӯҷаҳо, Тӯраҳо, Эшонҳо, Сайидҳо, Махсумҳо ва Қориҳо мебошанд.
Тошиев чиро бояд намегуфт? Зарифӣ хатои раиси КДАМ – ро гуфту маслиҳат дод
Ворух дорои маҳаллаҳои Гузар, Қалъача, Майдон, Сари Қурум, Тидон, Сари Дашт, Хушобод, Боғдорӣ, Кӯчаи Боло, Масҷиди Боло, Кӯчаи Қозӣ, Қишлоқ, Таги Маҳалла, Сари Канда, Тоҷикон, Ҷӯйи Дам, Кодон, Навобод ва Чакак мебошад.
Ворух яке аз қадимтарин масканҳои аҷдоди халқи тоҷик мебошад.
Маълумот аз манбаъҳои озод гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала