Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд оғоз шуд: ба Ворух ҳам меравад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ вориди вилояти Суғд гашт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба вилояти Суғд сафар кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Маълум шуд, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад
Дар доираи ин сафар, қарор аст президент корхонаву биноҳои навсохтро ба муносибати 30-солагии истиқлолияти кишвар ифтитоҳ намояд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар бо аҳолии маҳаллӣ ва фаъолони вилоят дидору мулоқот кунад.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст раисиҷумҳур корхонаву биноҳои навро дар шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода диҳад.
Дар доираи ин сафар ҳамзамон президенти кишвар аз шаҳри Исфара ва ҷамоати деҳоти Ворух дидан хоҳад кард.

Дар Ворух ифтитоҳи як силсила иншоотҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Парчам, Қасри фарҳанг, мактаб, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои интенсивӣ ва хатҳои оби нушокӣ барои 9 ҳазор нафар дар маҳаллҳои Тоҷикон ва Сангтуда дар назар аст", - гуфт дафтари матбуоти президент.

Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.
Село Ворух на границе Кыргызстана и Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Баҳс дар Ворух: собиқ раиси Суди Олӣ аз аввалин занозанӣ, ҳолати изтирорию гузаштҳо гуфт
Ёдрас мешавем, пештар як изҳороти раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи мубодилаи Ворух бо Қирғизистон боиси вокуниши шадиди тоҷикистониён гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала