Сохтмони мактабе дар Тоҷикистон 12 сол аст, ки тамом намешавад: шарҳи вазорат

© Sputnik / Амир ИсаевСтроительство аквапарка в Варзобе
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон камбуди манобеи молиро далели ба дарозо кашидани сохти як мактаб дар ноҳияи Тоҷикобод дар шарқи ин кишвар эълом кардааст
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар посух ба матлаби мунташиршуда дар хабаргузории “Ховар”, ки чаро 12 сол аст сохти як мактаб дар ноҳияи Тоҷикобод ба поён намерасад, сабаби ин таъхирро камбуди манобеи молӣ хондааст.
Дар посухи ин вазоратхона таъкид шудааст, ки сохтмони ин мактаб барои 640 донишомӯз дар соли 2009 оғоз шудааст ва имсол барои идомаи сохти он 700 ҳазор сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт.
Дар ноҳияи Тоҷикобод бинои 7 мактаб фарсуда шуда ва дар вазъи номуносибе аст, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба дунболи пайдо кардани манобеи молӣ барои бозсозии ин марокизи омӯзишӣ аст.
Министр образования и науки Таджикистана Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2020
Барномаи рушди маориф дар Хатлон ҳамагӣ 22% иҷро шуд: нигарониҳои раисиҷумҳур
Ба ин манзур музокира бо мақомоти Сандуқи рушди Қатар барои ҷазби сармояи ин ниҳоди молӣ ва бозсозии ин мактабҳо идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки ахиран ба хабаргузории АМИТ “Ховар” иқтисодчии шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод Шаидулло Давлатов хабар додааст, ки сохтмони муассисаи таълимии рақами 6-ро, ки дар деҳаи Нушори Ҷамоати деҳоти Нушор 20 сол аст, ки ба сабаби набудани имконияти молӣ ба анҷом намерасад.
Ноилҷон Бобоев, роҳбари ширкати “Нурофарид”, ки сохтмони ин иншоотро бар уҳда дорад таъкид доштааст, ки сохтмони муассисаи таълимии рақами 6 қариб 20 сол пеш оғоз гардида буд.

“Барои сохтмони ин бинои таълимӣ 15 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз сабаби сари вақт маблағгузорӣ накардани Вазорати маориф ва илм сохтмони он солҳои дароз аст, ки ба анҷом намерасад", - гуфт ӯ.

Ба гуфти ӯ, соли гузашта онҳо бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расониданд, вале Вазорати маориф ва илм ҳамагӣ 25 ҳазор сомониро пардохт кардааст. "Айни замон аз мо 100 ҳазор сомонӣ қарздоранд".
Ӯ таъкид намудааст, ки вазорати маориф ва илм соли 2021 барои идомаи сохтмони муассисаи таълимии рақами 6 - 700 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст, вале масъулини вазорат мехоҳанд тендер эълон кунанду сохтмончии дигар корҳои сохтмониро анҷом диҳад.

“Сохтмони ин мактаб солҳои дароз аст, ки мо бо маблағи 10 ҳазору 20 ҳазор сомонӣ идома дода истодаем. Ширкати мо соли гузашта аз тендер гузашта буд. Аз ин рӯ айни замон мо кӯшиш намуда истодаем, ки бо розигии роҳбарияти Вазорат корҳои сохтмониро ҶДММ "Нурофарид" ба анҷом расонад”, қайд кард номбурда.

Сохтмони мактаби рақами 6 аз ду бинои дуошёна ва толори варзишӣ иборат аст.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод, бинои якуми онро ширкати сохтмонии ширкати “Рамиз” соли 2009 ба истифода додааст.
Аз сабаби паст будани сифати корҳои сохтмонии ин ширкат айни замон ҳолати бино нигаронкунанда аст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои дуюми ин муассиса зиёда аз 70 фоиз иҷро гардидаанд. Дар толори варзишии ин муассиса танҳо сохтмони таҳкурсӣ ба анҷом расидаасту халос.
Бинои кӯҳнаи муассисаи таълимии рақами 6-и ноҳияи Тоҷикобод аз солҳои 50-ум боқӣ мондааст, ки айни замон бинои садамавӣ ба ҳисоб меравад.
Школа в поселке Каратаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2021
Азми мардуми Ишкошим барои таъмири мактаб ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ
Директори ин муассиса Аминҷон Саидакрамов мегӯяд, ки “ҳоло дар ин бинои кӯҳнаи садамавӣ 717 нафар хонандагон бо мушкилоти зиёд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва барои 200 нафар хонанда ҷойи нишасту мизу курсӣ намерасад.
Шаидулло Давлатов хабар дод, ки “дар ноҳияи Тоҷикобод 43 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 10 ҳазору 500 нафар хонандагон фаъолият доранд.
Аз ин 43 муассисаи таълимӣ 8 адади он садамавӣ мебошанд, ки айни замон дар онҳо хонандагон таҳсил менамоянд.
Ҳамасола ин 8 муассисаи садамавиро, ки аз солҳои 50- 60-ум боқӣ монда, барои таҳсили хонандагон хатари калон доранд, барои тадбирандешӣ ба Мақомоти ноҳияи Тоҷикобод ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем, вале то имрӯз барои бартараф кардани ин мушкилӣ ҳеҷ иқдоме амалӣ нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала