Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Туҳфа ба ятимону ифтитоҳи ду иншоот: идомаи сафари Раҳмон дар Истаравшан

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Дар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Истаравшан Президенти Тоҷикистон дар Чойхонаи “Чаманоро”-и маркази шаҳр ба 110 нафар кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба ятимон сару либоси маҷмӯии баҳорӣ, аз ҷумла шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, боронӣ, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ туҳфа кард.
Манбаъ зикр кардааст, ки дар шаҳри Истаравшан як адад Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор амал мекунад ва он айни замон 88 нафар кӯдакро ба тарбия ва парасторӣ фаро гирифтааст.
“Аз 110 нафар кӯдаке, ки соҳиби туҳфаҳои раисҷумҳур гардиданд, 88 нафарашон бошандагони ҳамин Мактаб-интернат мебошанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Иттилоъ дода шудааст, ки мактаб-интернат пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои таҳсил, истиқомат ва тарбияи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор фароҳам оварда шудааст.
Визит президента Таджикистана в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Идомаи сафари корӣ дар Суғд: Раҳмон ба шаҳри Истаравшан рафт
Президент таъкид намуд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумат ба ҳисоб меравад ва давлат барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагонӣ, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳоро истифода менамояд, то дар ҷумҳурӣ ҳеҷ ятим ё бепарасторе худро яккаву танҳо ҳис накунад.
“Барои ин давлат ҳамаи шароиту имкониятро дорад ва дар ин самт соҳибкорону саховатмандон ва дар маҷмӯъ, тамоми сокинони мамлакат ҳамраъйии амиқ нишон медиҳанд, ки ин боиси дастгирист”, - зикр кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардор аз кӯдакону наврасони ятим даъват кард, ки хонанд, соҳиби касб шаванд ва дар оянда зиндагии мустақилонаи худро ба таври матлуб ба роҳ монанд.
Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” оғоз бахшид.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Раҳмон ҳамроҳ бо вазири корҳои дохила ва роҳбари КДАМ маркази таълимии ВКД-ро ифтитоҳ кард
Муассисаи мазкур дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъмории шарқиёна аз ҷониби соҳибкор Аскар Эшонов бунёд гардидааст.
Муассисаи томактабии “Хурсандӣ” барои 200 кӯдак пешбинӣ гардида, таълим мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии “Истаравшан”-ро ифтитоҳ намуд.
Меҳмонхонаи мазкур дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бунёд гардидааст.
Визит президента Таджикистана в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: ифтитоҳи чаҳор иншооти муҳим
Бино аз 5 ошёна иборат буда, қабати якум аз мағозаи фурӯши мебел ва армуғон иборат буда, қабатҳои болоӣ аз меҳмонхона иборат мебошанд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки раисҷумҳур барои муаррифии бештари таъриху фарҳанг, урфу одат, меҳмоннавозии тоҷикона, ҷалби мутахассисони касбӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба соҳибкорон дастуру супоришҳои муфид дод.
Иттилоъ дода шудааст, ки феълан дар шаҳри Истаравшан 5 меҳмонхона, 6 мавзеи сайёҳӣ, 8 тарабхона, 3 осорхона, 153 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фарҳангӣ фаъолият доранд.
Бунёди даҳҳо иншооти дигар идома дошта, ҳамаи онҳо то истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала