Амири Ҳотамӣ: Эрону Тоҷикистон дар таҳдиди тероризм ҳастанд

CC BY-SA 4.0 / Wikimedia / Министр обороны Ирана Амир Хатами, архивное фото
Министр обороны Ирана Амир Хатами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Вазири дифои Эрон дар маросими имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гуфт, ки ҳар ду кишвари Эрону Тоҷикистонро тероризми фароминтақаӣ таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Ба нақл аз ИРНА, амир сартип Амири Ҳотамӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе дар поёни даври дуввуми музокирот бо генерал Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷики худ гуфт: “Хушҳолам, ки дар ибтидои соли 1400 мизбони вазири муҳтарами дифои Тоҷикистон ва ҳайати муҳтарами ҳамроҳи эшон дар Теҳрон будем ва дар се рӯзе, ки ҳайати муҳтарами тоҷик дар Теҳрон буданд боздидҳои мухталиферо мутаносиб бо хости ҳайати Тоҷикистон тадорук дидем, ки анҷом шуд ва дар ниҳоят санади ҷамъбасти ин музокирот имрӯз имзо шуд”.
Амири Ҳотамӣ бо ишора ба таҳдидҳои муштарак алайҳи ду кишвар гуфт, ки ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар таҳдиди терроризм ҳастанд, албатта кулли минтақаи мо бо ин таҳдид, ки асосан дар дахолатҳои фароминтақаӣ реша дорад рӯбарӯ аст ва ҳар ду кишвар мухолифи ин навъ таҳдидҳо ҳастанд .
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Шералӣ Мирзо: бо бахше аз тавонмандиҳои низомии Эрон аз наздик ошно шудем
Амири Ҳотамӣ бо ишора ба равобити хуби ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар гузашта гуфт, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар бо як танаффус рӯбарӯ шуда буд, ки имрӯз тасмим гирифтем ҳамкориҳоро дубора шурӯъ кунем ба ҳамин далел ҳайатҳои коршиносӣ табодул хоҳад шуд, ки ин ҳайатҳо гуфтугӯ ва табодули назар хоҳанд дошт ва заминаҳои ҳамкориро ба таври комил фароҳам хоҳанд кард.
“Умедворем ин шурӯъ, ки дар оғози соли 1400 ва ҳамзамон бо оғози баҳор аст, як шурӯи бисёр хуб барои ду кишвар дар ҷиҳати афзоиши амнияти минтақа бошад ва дар ниҳоят рифоҳ, осоишу оромиши ду миллати Эрону Тоҷикистонро фароҳам кунад”, - гуфт вазири дифои Эрон бо ишора ба сафари ҳамтоии тоҷикаш ба Теҳрон.
Дар поёни ин музокирот тафоҳумномаи ҳамкорӣ низ ба имзои ду тараф расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала