Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард: аз рублу доллар то евро

Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки нисбат ба рӯзи гузашта беш аз як сомонӣ боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1466 сомонӣ нишон дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ин нишондиҳанда 0,1453 сомонӣ буд.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 долларро дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 11.3195 то 11.3400 сомонӣ арзёбӣ кард.
Асъори аврупоӣ бошад, аз аввали соли 2021 пас аз якбора боло рафтан то ба сатҳи 13.2930 поин омад, аммо тайи як ҳафтаи охир майли гаронӣ дорад.
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Бонки миллӣ фаъолияти ТҚХ “Мадина ва Ҳамкорон” ва ҶСП “Бонки Осиё” - ро қатъ кард
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.4611 то 13.8800 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1466 то 0.1515 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1485 - 0,1515 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1520 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1465 то 0,1520 сомонӣ нишон дода шудааст.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
БОР ба Тоҷикистон 15 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт, ба куҷо сарф хоҳад шуд
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала