Гуштини бузург дар Кӯлоб: ғолибонро мошинҳову шутурҳо интизор аст

© Sputnik / Амир ИсаевВорота на въезде в Куляб
Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи гуштини миллӣ бо ширкати паҳлавонони шинохта, меҳмонони фахрӣ ва ҳазорон нафар дилбохтагони варзиши суннатӣ доир мегардад.
Гуштини бузург ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мешавад.
Ин маросим фардо, санаи 11 апрел доир гашта, дастандарткори асосии он ширкати “Ал констракшн” гуфта мешавад.
Расул Боқиев, паҳлавони шинохтаи кишвар бо эълони баргузории ин чорабинӣ аз варзишгарони дохилу хориҷи кишвар даъват кард, ки барои ширкат биёянд.
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Куштӣ дар Кӯлоб: аз қадрдонии Расул Боқиев то бохти варзишкорони рус аз рақибони тоҷик
Гуфта мешавад, дар ин гуштин барои ғолибон шоҳҷоиза чор автомобил, даҳто шутур ва дигар ҷоизаҳо дода хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ин нахустин гуштини бузур дар Кӯлоб набуда, дар арафаи ҷашни Наврӯз низ бо ширкати паҳлавонони шинохтаи дохилу хориҷ, аз ҷумла шогирдони Расул Боқиев доир гашт, ки дар низ шоҳҷоизаҳои қимматбаҳо бурд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала