Бархурди "Mercedes" - ҳои Файзалию Фузайл бо марги ҳарду анҷомид: садама дар Хатлон

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Дар пайи ин садама ронандагони ҳарду автомашина ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи маргбор дар ҷануби кишвар хабар медиҳад, ки қурбониву захмӣ барҷой гузоштааст.
Ронандагони Mercedes-Benz дар натиҷаи бархӯрд ба ҳалокат расиданд. Садама рӯзи 10 апрел, тахминан соати 16:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Н.Ниёзови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон рух додааст.
Разбитый велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Садамаи маргбор: Наимҷон аз уҳдаи идораи мошин набаромаду пирамарди 70-соларо пахш кард
Ба иттилои манбаъ, ронандаи Mercedes-Benz, Азимов Файзали 40-сола сокини ноҳияи Кушониен, ки аз ноҳияи Шаҳритус ба самти Дӯстӣ ҳаракат мекард, ба "Mercedes-Benz"- и дигар бархурд, ки онро Ҳакимзода Фузайли Абумуслим 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус идора мекунад.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ронандагони ҳарду мошини хориҷӣ аз ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, зимнан, се мусофири дигар ҷароҳатдор ва бистарии беморхона шуданд.
ВУД мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала