Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Пешгӯии мақоми Манижа дар Евровидение - 2021

© Sputnik / Стас ЭтвешПевица Манижа
Певица Манижа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Букмекерҳои байналмилалӣ боварӣ доранд, ки баромади Манижа дар Евровидение - 2021 номуваффақ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Букмекерҳои байналмилалӣ пешгӯиҳои нохушоянд дар бораи баромади Манижа дар озмуни Евровидение - 2021 - ро идома медиҳанд.
Ба гуфти таҳлилгарон, зодаи Тоҷикистон бо суруди Russian Woman ҳатто ба даҳгонаи аввали Евровидение - 2021 шомил намешавад.
Гузашта аз ин, Манижа дар озмун танҳо ҷои 15-умро ишғол хоҳад кард.
Певец Михаил Шуфутинский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ин суруд нест": интиқоди Шуфутинский аз суруди Манижа барои Евровидение - 2021
Ҳанӯз12 апрел намояндаи Федератсияи Русия дар Евровидение дар хатти 14 қарор дошт.
Агар пешгӯиҳои букмекерҳо воқеан амалӣ шавад, пас ин дуввумин ҳолат дар таърих хоҳад буд, ки Русия ба финали Евровидение роҳ намеёбад.
"Намегузорам, маро шикананд": Манижа гуфт, ҳақ дорад худро зани рус номад
Бори аввал чунин манзара пас аз баромади сароянда Юлия Самойлова бо суруди I Won Breaking дар соли 2018 рух дод.

Манижа дар Евровидение - 2021

Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Баъд аз он ки Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 пирӯз шуд, кишвар имкон пайдо кард, чорабиниро баргузор кунад, аммо бинобар пандемияи коронавирус он лағв карда шавад.
Роттердам макони баргузории Евровидение - 2021 интихоб шудааст ва озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy баргузор мешавад.
Русияро дар Евровидение 2021 Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Манижа Сангин бо тағо ва модараш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ош баъди шок": тағои Манижа дар бораи ҷиян, оила, танқидҳо ва шустани пирӯзӣ
Вай ба ин сабқати бонуфуз бо суруди Russian Woman, ки ҳангоми овоздиҳии саросарӣ 8 март интихоб шудааст, хоҳад рафт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам аксарияти мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Тавсифи Раҳмон аз Манижа: сари ҳамаро вайрон кард, мо бо ӯ ифтихор дорем
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.
Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Певица Manizha Манижа Сангин (Хамраева) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Занони рус алайҳи Манижа бархостанд
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
"Русҳо ба ӯ овоз доданд": ҳомии ҳуқуқ Фадеев аз Манижа ҷонибдорӣ кард
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman for Eurovision - 2021" беш аз 7,6 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала