Ҳушдори КҲФ аз хатари селу тарма ва сангрезӣ то тавсия ба сокинон

© Sputnik / Анатолий Устиненко / Гузариш ба медиабонкПоследствия схода селевого потока
Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз хатари сел дар пайи боришоти шадид ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи боришоти гузашта, таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёҳо меафзояд, ки дар натиҷа дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селро меафзояд.
Ба иттилои манбаъ, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ тармафароӣ ва сангрезӣ имконпазир аст.
Боришоти ба амаломада метавонад боиси болоравии шадиди сатҳи об дар болооби дарёҳои кӯҳӣ ва ҷараёнҳои хурд гардад.

"Аз оби борону маҷрои дарё зери об мондани пастхамиҳо, заминҳои кишт, шусташавии қитъаҳои роҳ аз эҳтимол дур нест. Гузаштан аз ин, пулҳои баландиашон паст низ дар рӯбарӯи харобшавӣ қарор доранд”, - афзудааст КҲФ

Дар ин робита, Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз сайругашт дар кӯҳҳо, чаронидани чорво, чидани занбӯруғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.
Спасатели КЧС Таджикистана достают тело утонувшего человека из молодежного озера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
КҲФ ҷасади ҷавонзан, модари ду фарзандро дар Душанбе аз об берун овард
Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо ва барои моҳидорӣ нараванд.
Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми ҷӯйборҳои назди хонаҳо ва селпартоҳоро тоза кунанд.
КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки маълумоти КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиётро риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0