ИМА Афғонистонро тарк мекунад?

Мардуми Афғонистон аз тасмими Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз ин кишвар ба хашм омадаанд
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико гуфт, “сарбозони Амрико вақте раисдааст, ки хона баргардед".
ИМА давоми 20 сол натавонистанд бо "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) созиш кунанд ва барқароркунии сулҳро ба ин кишвар наздик кунанд.
Нерӯҳои ИМА кай пурра аз Афғонистон хориҷ мешаванд? Ва чаро ба назари Вазорати корҳои хориҷии Русия, онҳо бояд дар назди ҷангҷӯён посух диҳанд?
Намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон гуфт, тасмими Амрико барои таъхир дар раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то моҳи сентябр, раванди сулҳ дар ин кишварро душвор мекунад.
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Вокуниши Хадамоти иктишфии Амрико аз хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон
Замир Кобулов, рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин эълом кард, ки тасмими рӯзи сешанбеи давлати Амрико барои хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар 11 сентябр, нақзи тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) аст.
Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико пештар эълом карда буд, ки барои давлати ин кишвар хориҷсозии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то аввали моҳи майи 2021 душвор хоҳад буд, аммо Вашингтон ҳеч қасде барои боқӣ гузоштани нерӯҳо дар Афғонистон то соли оянда надорад.
Бар асоси тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) дар феврали соли 2020 дар Доҳаи Қатар, Амрико бояд нерӯҳои худро то аввали моҳи майи 2021 аз Афғонистон хориҷ кунад.
Гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) ба давлати Байден дар мавриди иҷро накардани тавофуқномаи сулҳ барои хуруҷи тамоми нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон дар аввали моҳи майи 2021 ҳушдор додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала