Мақомоти шаҳри Хуҷанд: шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 166 адад расид

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМолочный комбинат в Таджикистане
Молочный комбинат в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Мақомоти Хуҷанд эълон кардааст, ки дар се моҳаи аввали соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 318,2 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 34,5 миллион сомонӣ ё 12,2 дар сад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дафтари матбуоти раиси шаҳи Хуҷанд хабар додааст, ки аз ин миқдор ба маблағи 76,7 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
Гуфта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14,0 дарсад афзоиш ёфтааст.
Зик шудааст дар ҳоли ҳозир, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор гузошта шудааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар ин давра 6 адад корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда,
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Тоҷикистон пешсафи ИДМ аз рӯи рушди саноат
Мақомоти шаҳри Хуҷанд зикр кардааст, ки дар ҳоли ҳозир шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 166 адад расид.
Инчунин аз ҷониби 66 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 112,8 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 10,3 миллион сомонӣ ё 10,0 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра аз 117 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 65 намуд ё 55,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 100% таъмин карда шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки инчунин номгӯи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0