Талоши “Авангард” барои зиёд намудани шумораи аъзоёни гурӯҳ

© Гурӯҳи ҷавонони "Авангард" дар шаҳри НоракМолодёжная движения "Авангард"
Молодёжная движения Авангард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Дар шаҳри Норак машварати кории гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и шаҳри Норак баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тавре гурӯҳи ҷавонони "Авангард" дар саҳифаи Фейсбукии худ хабар додаанд, дар машварати корӣ оид ба зиёд намудани шумораи аъзоёни гурӯҳи ҷавонони "Авангард" ва тасдиқ намудани нақша- чорабиниҳои оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонону наврасон дар мавзӯҳои шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ дар байни ҷавонону наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Вазорати адлияи Тоҷикистон эълон кард, ки фаъолияти гуруҳи “Авангард” таҳти омӯзиши ин ниҳод қарор гирифтааст.
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Қонунист? Вазир дар бораи таҳқиру хоингӯиҳои аъзои “Авангард” ва фаъолияти бидуни сабт
Вай афзуд, ки ҳаракати ҷамъиятии мазкур расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки Вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст.

“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем", - гуфт муовини вазир.

Ба таъкиди ӯ, дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд.
Бояд гуфт, феълан сафи гурӯҳи мазкур дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 22 ҳазор нафар расидааст.
Ҷавонони Авангард дар ДОМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Фаъолияти гуруҳи “Авангард” таҳти омӯзиши вазорати адлия қарор гирифтааст
“Авангард”, ба навиштаи сомонаи гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.
Маводе, ки ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд бештар сиёсӣ ҳастанд. Тарафдорони ин гӯруҳ бештар ба “маҳкум кардани ҲНИТ”, ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон” машғуланд. Онҳо ин рафтори худро ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала