Вазорат гуфт, чӣ тавр муҳоҷирон метавонанд аз Русия то 15 июн депорт нашаванд

© Раёсати равобити байнулмилалии Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонНахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия расиданд
Нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия расиданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ барои расмикунонии будубошашон дар Русия метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Вазорати меҳант ба диққати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд расондааст, ки тибқи фармони раисҷумҳури ба таври худкор (автоматӣ) муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ то 15 июн дароз карда шуда буд.
Масъулини вазорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Русия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, хоҳиш намудааст, ки бояд ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва будубоши худро дар Русия тамдид намоянд.
​“ Агар шумо будубоши худро дар​ Русия​ то 15 июни соли​ равон ба расмият надароред, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Русия мань аст, шомил мешавед”, - таъкид доштааст вазорат.
​Манбаъ илова кардааст, ки рӯйхати ном ба номи шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо мавҷуд аст.
Первый заместитель министра внутренних дел РФ Александр Горовой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Ҳушдори ноиби вазири дохилии Русия аз депорти 247 ҳазор тоҷикистонӣ: муҳлат то 15 июн
​“Аз ин рӯ,аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки барои муайян ва огоҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ барои расмикунонии будубошашон дар Русия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед”, - қад кардааст вазорат.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ зикр кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, барои гирифтани маьлумоти иловагӣ метавонанд ба кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала