Ба беҳтаринҳои маорифи Душанбе беш аз ним миллион сомонӣ тақдим шуд

© Sputnik / Амир ИсаевЧествование лучших учеников Душанбе
Чествование лучших учеников Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Шаҳрдории Душанбе барои ҳавасмандгардонии хонандагону омӯзгорон дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, беҳтаринҳои ин соҳаро бо беш аз ним миллион сомонӣ қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Шаҳло Неъматзода, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Сино “Мураббии сол – 2020” дониста шуда, бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва диплом сарфароз гардид.
Пирӯзи озмуни “Омӯзгори сол-2020”, устоди фанни кимиёи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек дониста шуда, барандаи 10 ҳазор сомонӣ ва диплом гардид.

“Дар озмуни “Хонандаи сол” бошад, ҷоиза дар ҳаҷми 6 000 сомонӣ ва диплом ба хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ, Сумая Абдулфаёзиддин супорида шуд”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ

Сипас масъулини шаҳрдорӣ ба 170 хонандаи макотиби миёнаи пойтахт, ки ки барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардидаанд, барои 9 моҳи соли хониш дар ҳаҷми 2700 сомонӣ ва шаҳодатномаҳо тақдим гардид.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2020
Раҳмон ба ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”: одилонаву воқеъбинона баҳогузорӣ кунед
Қаблан Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, бо имзои як қарор барои барандагони стипендияи раиси пойтахт дар соли хониши 2020 – 2021 ҳудуди 484 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо карда буд.
Стипендияи раиси Душанбе соли 2017 бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, ҳамасола тақдим мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала