Овозаи бозгашти короновирус: шарҳи Вазорат ва тарки Хуҷанд кардани аудиторони қазоқ

Автомобиль реанимации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, аудиторони қазоқ аз қарантина баромада, ба ватани худ баргаштанд
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Шаҳрвандони Қазоқистон, ки барои аудити молии Бонки Эсхата дар шаҳри Хуҷанд қарор доштанд, аз қарантина баромада, корҳояшонро анҷом доданд ва ба Ватан баргаштанд, иттилоъ дод Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
“Чор нафар буданд, аммо як нафарашон табъи баланд дошт. Ҳар чаҳорро кормандони Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд зуд дар меҳмонхонаи “Парламент” – и шаҳри Хуҷанд ба инзиво (изолятсия) гирифтанд", - изҳор дошт сухангӯй.
Ӯ таъкид намуд, ки аз ин афрод, тест барои “вируси корона” гирифта шуд, ки дар Хуҷанд натиҷа манфӣ баромад.
"Барои дақиқ кардану дилпур шудан тестҳояшонро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд, ки боз манфӣ баромад. Азбаски сафари кориашон ба анҷом мерасид ва корҳояшон ҳам дар Хуҷанд тамом шуд, дирӯз ба ватанашон рафтанд", - таъкид намуд Эмомалӣ Мирзо.
Люди идут по новому подземному пешеходному переходу в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
СҶБ вазъи коронавирус дар ҷаҳонро нигаронкунанда меномад
Қаблан расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин навишта буданд, ки кормандони як ширкати аудитии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми баррасӣ дар Бонки Эсхата ба маризии “вируси корона” гирифтор шуда, дар пайи он кормандони бонк низ аз ташхис гузаштаанд. Дар бораи ин ки ин шаҳрвандони Қазоқистон чӣ ному насаб доштанд, аз кадом ширкат ва дар Бонки Эсхата мушаххасан бо чӣ кор машғул буданд, ҳам бонк ва ҳам дигар манобеъ тафсилот надоданд. Фақат гуфтанд, ки чунин маълумот махфӣ ҳастанд.
Аммо бино ба гуфтаи Абдумавлон Абдуллозода, сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд, ин афрод бори аввал 14 март ва бори дуввум 23 март вориди Тоҷикистон шуда, пас аз чанд рӯзи будубош ба зукому маризиҳои навъи сироятҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас (ОРВИ) гирифтор мешаванд.

Мо зуд даст ба кор шудем. Ташхисҳои ин ҷо манфӣ буд. Ҳамеша ташхиси чунин ҳолатҳоро ба Душанбе мефиристем, зеро вақте сухан дар бораи шаҳрванди хориҷӣ меравад, эҳтимол дорад, ки ягон штами нави маризӣ бошаду барои мо ноошно. Хушбахтона, дар Душанбе низ натиҷаҳои моро таъйид карданд

Абдумавлон Абдуллозода
сардори Раёсати назорати санитарию эпидемиологии Суғд
Бино ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, шаҳрвандони Қазоқистон зуд ба по шуда, то 16 апрел аз ҷои таваққуфи худ – меҳмонхонаи “Парламент”-и шаҳри Хуҷанд кор карда, тамоми корҳояшонро ба анҷом расонданд ва дар рӯзи муқаррарӣ Тоҷикистонро тарк карданд. Як далели ин қадар сару садо барпо кардани ин ҳодисаро онҳо афзоиши бедодгариҳои “вируси корона” бо штамҳояш дар кишварҳои ҳамсоя арзёбӣ мекунанд, ки зоҳиран, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз шарраш дар амон аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала