СҶБ вазъи коронавирус дар ҷаҳонро нигаронкунанда меномад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксЛюди идут по новому подземному пешеходному переходу в Москве.
Люди идут по новому подземному пешеходному переходу в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Намояндаи ин созмон дар Русия Мелита Вуйнович аз афзоиши бемориҳо дар 7 ҳафтаи ахир ва ҳамчунин афзоиши ҳолатҳои маргу мир дар 4 ҳафтаи охир ишора кард
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт, афзоиш ёфтани беморӣ ва маргу мир аз коронавирусро дар ҳафтаҳои ахир як тамоюли ташвишовар меҳисобад, мегӯяд, намояндаи ин созмон дар Русия Мелита Вуйнович.
Российская вакцина от коронавируса Спутник V доставлена в Венгрию для клинических исследований - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Ӯзбекистон ду ваксин алайҳи коронавирус истеҳсол ва ба СҶБ пешниҳод кард
"То 12 апрели соли 2021, тибқи маълумоти СҶБ, дар саросари ҷаҳон 135 646 617 ҳолати COVID-19 ва 2 930 732 фавт ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло мо афзоиши шумораи гирифторонро барои ҳафт ҳафта пай дар пай ва афзоиши шумораи фавтҳоро дар чор ҳафта мебинем. Ҳафтаи гузашта шумораи бемориҳои нав ба таври нигаронкунанда афзуд. Ин омил ба пайдоиши намудҳои нави вирус, бекоршавии маҳдудиятҳо ва ҳамчунин тақсимоти нодурусти ваксин бастагӣ дорад", - таъкид намуд ӯ.
Вуйнович гуфт, ки СҶБ ҳамчунон тавсия медиҳад, ки дар қабл аз сафарҳои байналмилалӣ нахуст ба хатару чораҳои бехатарӣ бояд аҳамият дод.
Дар ҳамин ҳол, СҶБ тавсия медиҳад, ки ҳама гуна чораҳо оид ба маҳдуд кардани паҳншавии онҳо бо мурури замон ва дар асоси вазъият ва шароити эпидемиологӣ баррасӣ карда шаванд..
Дар Русия, тибқи маълумоти Ситоди фаврӣ 4,702,101 ҳолати сироят ба қайд гирифта шуд, ки аз ин миён 4.326.780 нафар шифо ёфта,, 105.582 нафар фавтиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала