Ӯзбекистон ду ваксин алайҳи коронавирус истеҳсол ва ба СҶБ пешниҳод кард

© Sputnik / Hungarian Foreign Ministry / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийская вакцина от коронавируса "Спутник V" доставлена в Венгрию для клинических исследований
Российская вакцина от коронавируса Спутник V доставлена в Венгрию для клинических исследований - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Ӯзбекистон ду ваксин алайҳи коронавирус истеҳсол ва ба СҶБ пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Ҳоло ин ду ваксин аз озмоиши клиникӣ мегузаранд. Қаблан, сарвазири Ӯзбекистон гуфта буд, ки то охири сол ин ҷумҳури соҳиби ваксини ватанӣ мешавад.
Карантин в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Дар Ӯзбекистон ба иллати паҳншавии коронавирус боз маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд
Ду ваксини сохти Ӯзбекистон, ки алайҳи коронавирус таҳия шудаанд, аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба руӯхати доруҳои номзад шомил карда шудаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Котиботи Вазорати иноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегӯяд, гап сари ваксинаҳои рекомбинантӣ дар асоси S-сафедаи коронавирус меравад, ки онро Маркази Технологияҳои пешрафта таҳия кардааст ва ва ҳамчунин ваксини ДНК дар асоси хӯша-сафедаҳои се бахши COVID – 19, ки онро Маркази геномика ва биоинформатикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон ташкил кардааст.
Қаблан сарвазир Абдулло Орипов гуфта буд, ки Ӯзбекистон метавонад ваксини худро бар зидди коронавирус то охири соли равон таҳия кунад.
Вай инчунин гуфт, ки ваксинаи сохти Русия “Спутник V”, то авохири моҳи апрел ба Ӯзбекистон ворид мешавад. Ба изҳори ӯ, ин дору аслан ба стратегияи эмгузаронӣ дохил карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи март, вазири тандурустии ин кишвар Абдуҳаким Хоҷибоев хабар дод, ки Ӯзбекистон ба таҳияи ваксинҳои худ алайҳи коронавирус оғоз кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, озмоиши самаранокии ваксин нахуст дар ҳайвонҳо аз моҳи апрел шурӯъ мешавад. Вазири ӯзбек тафсилоти пурратарро ифшо накард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала