Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти падари Бердимуҳаммадов: номаи тасаллият ирсол кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамтои туркманаш Гурбонгули Бердимуҳамедов ҳамдардӣ баён кард
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Президенти Тоҷикистон ба раисиҷумҳури Туркманистон дар робита ба фавти падараш номаи тасаллият ирсол кардааст.
Дар номаи тасаллияти президент, ки онро дафтари матбуотияш нашр кардааст, омадааст: "Муҳтарам Гурбангули Мяликгулиевич, хабари даргузашти падари соҳибэҳтироми Шумо - Мяликгули Бердимуҳамедов боиси андӯҳи амиқи мо гардид".
Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллӣ ва таъзияи самимии ин ҷонибро қабул фармоед, омадааст дар номаи президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Падари президенти Туркманистон даргузашт
Ёдовар мешавем, Мяликгулӣ Бердимуҳаммедови калонӣ рӯзи 18 феврал дар синни 89-солагӣ ҷаҳонро тарк кард.
Мяликгули Бердимуҳамедов "ҳаёти худро ба халқу ватани худ бахшида, намунаи шикастнопазири ватандӯстӣ ва инсондӯстиро намоиш дод" , - навиштааст манбаъ.
Падари президенти Туркманистон 12 августи соли 1932 таваллуд шуда, ибтидои фаъолияти меҳнатии ӯ ба ҳайси китобдор ва баъдтар ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ оғоз ёфтааст.
Аз соли 1958 то 1982 Мяликгулӣ Бердимуҳаммедов дар Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, бо рутбаи подполковник ба нафақа мебарояд ва ба омӯзгорӣ идома дод.
Бердимуҳаммедови калонӣ 7 маротиба бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла нишони "Барои хизмати шоиста дар сафҳои дохилӣ" сарфароз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала