"Истиқлол" аввалин пирӯзиро дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2021 ба даст овард

© Hamoud Al-OsaimiЧемпион Таджикистана душанбинский "Истиклол" одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2.
Чемпион Таджикистана душанбинский Истиклол одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Тими "Истиқлол"-и Душанбе бо ин пирӯзӣ имтиёзҳояш ба чор ва пешсафи гурӯҳ гардид
ДУШАНБЕ, 19 апрел - Sputnik. Қаҳрамони Тоҷикистон "Истиқлол" -и Душанбе ғалабаи аввалини таърихиро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бо шикаст додани тими АГМК (Комбинати кӯҳӣ-металлургии Олмалик) - Ӯзбекистон ба даст овард.
Бозӣ шоми гузашта дар варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 поён ёфт.

Голҳои Истиқлолро Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Як голи дигарро худи футболбозони АГМК вориди дарвозаи худ намуданд. Голро легионери серб Йован Ҷокич ба самар расонд.

Ба иттилои маркази матбуотии ФФТ, қабл аз ин дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021, қаҳрамони Тоҷикистон бо бошгоҳи "Шабоб Ал-Аҳли" Дубай мусовӣ кард (0: 0).
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Оғози чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол: ҷадвали бозиҳо
Дар бозии дигари даври дуввуми гурӯҳи А, "Ал-Ҳилол" аз Арабистони Саудӣ бар "Шабаб Ал-Аҳл"- Дубай (2: 0) ғалаба кард.
Аз рӯи натиҷаҳои ду даври бозиҳо, "Ал-Ҳилол" ва "Истиқлол", ки ҳар кадоме чор имтиёз ба даст овардаанд, пешсафиро дар гурӯҳи "А" тақсим мекунанд.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии клубҳои Осиё рӯзи чоршанбеи 21 апрел, тими "Истиқлол" бо клуби "Ал-Ҳилол" аз Арабистони Саудӣ, ки соли 2019 барандаи Лигаи қаҳрамонҳои AFC гаштааст, вомехӯрад.
Гуфта мешавад, ин рақобат соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 - Душанбе) оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала