Баргузории ҳамоиши байналмилалии иқтисоди диҷитолӣ дар Тоҷикистон

© PixabayПерсональный компьютер, архивное фото
Персональный компьютер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Ҳамоиши байналмилалӣ бо мавзӯи "Баррасии аҳамияти иқтисоди диҷитолӣ барои Тоҷикистон" дар Душанбе баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ин ҳамоиши байналмилалӣ бо кумаки донишгоҳи Осиёи марказӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳодияи Аврупо ва ба ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон 22 апрел баргузор мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Дар ин ҳамоиш иқтисоддонони хориҷӣ ва коршиносони тоҷик дар бораи роҳҳои иҷроии барномаи рақамӣ кардани мудирият, тавлид ва фурӯши маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон баҳс ва табодули назар хоҳанд кард.
Ин нишаст ба таври зинда ва бо тарҷумаи англисӣ суханрониҳо аз шабакаи иҷтимоӣ пахш мешавад.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Беҳбудии соҳаи саноат: Тоҷикистон аз рушди ин бахш ҳисобот дод
Банки ҷаҳонӣ чанд солест, ки барномаи диҷиталӣ кардани иқтисоди Тоҷикистонро пешниҳод кардааст ва ҳадафи он истифода аз фанновариҳои навин барои рушди тавлид, бозорёбӣ ва арзаи маҳсулоти саноатӣ аст.
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2021 афзоиши якбораи истеҳсолоти саноатӣ ба қайд гирифта шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар.
Тибқи маълумоти вазорат, аз моҳи январ то март истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар бештар аз 8,2 миллиард сомонӣ (724,4 миллион доллар) будааст.
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Тоҷикистон пешсафи ИДМ аз рӯи рушди саноат
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 17,4 дарсад ё 1,4 миллиард сомонӣ (қариб 122,4 миллион доллар) расид.
Дар Тоҷикистон, дар тӯли 15 соли охир бори аввал аст, ки ҳаҷми содирот бештар аз воридот шудааст.
Вазорати саноат тавзеҳ додааст, ки рушди якбораи истеҳсолот дар бахши саноати маъдан ва истеҳсолот, инчунин энергетика ​​ба қайд гирифта шудааст.
Дар охири семоҳаи аввали соли 2021, ҳиссаи саноат дар сохтори ММД 22,8 дарсадро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала