Путин аз тазоҳурот дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко гуфт

Владимир Путин дар бораи нақшаи тарҳрезишудаи табадуллот дар Белорус гуфт
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Кишвардори Русия, Владимир Путин зимни паёми худ ба Маҷлиси федеролӣ дар бораи табадуллоти тарҳрезишуда дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко изҳори назар кард.
Ба таъкиди ӯ, ҳамлагарон нақша доштанд, Минскро муҳосира карда, нахуст шаҳрро аз системаи барқ канда, иртиботро маҳдуд намоянд.

"Шумо метавонед нисбати сиёсати Президенти Белорус Александр Лукашенко ҳар гуна нуқтаи назар дошта бошед, аммо амалияи ташкили табаддулоти давлатӣ, нақшаҳои кушторҳои сиёсӣ, аз ҷумла мақомоти баландпоя, аз ҳад зиёд аст. Ҳама марзҳо аллакай убур карда шуданд", - шарҳ дод Путин.

Ба гуфтаи сарвари давлат, паём дар бораи табаддулоти тарҳрезишуда дар Белорус аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ нодида гирифта шудааст.
"Хусусияти он аст, ки ҳатто чунин амалҳои ошкоро маҳкумияти ба истилоҳ дастҷамъонаи Ғарбро пайдо намекунанд. Ҳеҷ кас инро пай намебарад. Ҳама вонамуд мекунанд, ки чизе нашуда истодааст", - гуфт Путин.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сипосгузории Владимир Путин аз пизишкони Русия
Ба қавли ӯ, фишори таҳримҳо ва дигар чораҳои андешидаи дигар кишварҳо ба як чизи хатарноктар табдил ёфта истодаанд. Аммо, Федератсияи Русия, ба гуфтаи президент, роҳи ҳимояи мавқеи худро меёбад.
"Русия манфиатҳое дорад, ки онро пайваста ҳифз мекунад", - гуфт сарвари давлат.
Ба гуфтаи президенти Федератсияи Русия, вазифаи марказии мақомот таъмини сулҳ ва амният барои некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар мебошад. Вай таъкид кард, ки чунин амалҳоро метавон ҳамчун омодагӣ ба ҳамлаи азими интернетӣ тафсир кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала